расонаи иттилии - Ориён » АХБОРИ ОҶИЛ » Созиши Тоҷикистону Озарбойҷон доир ба таъсиси корхонаҳои муштараки саноатӣ

АХБОРИ ОҶИЛ / Асосӣ / Иқтисодиёт

Созиши Тоҷикистону Озарбойҷон доир ба таъсиси корхонаҳои муштараки саноатӣ

Дар шаҳри Душанбе таҳти ҳамраисии вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Завқӣ Завқизода ва ҳамраисии вазири кишоварзии Озарбойҷон Керимов Инам Имдад оғлу дар шакли ҳузурӣ ҷаласаи панҷуми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Озарбойҷон оид ба масъалаҳои ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ баргузор гардид.
Тавре ки Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ хабар медиҳад, зимни ҷаласа Завқизода зикр кардааст, ки бо шарофати сиёсати оқилона ва дурандешонаи роҳбарони ду кишвар муносибатҳои ду кишвар пайваста рушд ёфта, ба сатҳи олӣ баромадаанд.
Гуфта мешавад, дар ҷаласа ҷонибҳо ҷиҳати тақвият додани ҳамкориҳо дар самтҳои тиҷоративу иқтисодӣ, сармоягузорӣ, кишоварзӣ, саноат, энергетика, нақлиёт, алоқа ва технологияҳои муосир, маориф ва илм, тандурустӣ, фарҳанг, сайёҳӣ, бонкӣ, меҳнат ва муҳоҷират, ҳифзи муҳити зист, варзиш ва дигар самтҳои афзалиятноки ҳамкориҳои дуҷониба табодули назар намуданд.
Ҳамчунин доир ба таъсиси корхонаҳои муштараки саноатӣ ва паркҳои технологӣ, аз ҷумла дар ҳудуди минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон бо ҷалби сармоягузорони озарбойҷонӣ, воридоти маҳсулоти нафтӣ ва кластеризатсияи занҷираи арзиши иловашуда дар бахши кишоварзӣ тавофуқ ҳосил шуд.
Зикр мегардад, ки ҷаласа дар фазои дӯстӣ ва якдигарфаҳмӣ баргузор гардида, дар анҷоми он Протокол ба имзо расонида шуд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.