Марде хонаи худ ва ҳамсояашро оташ зад

Дар вилояти Смоленски Федератсияи Россия сокини 50-солаи деҳаи Олша

бо сабабҳои номаълум манзили истиқоматии худ ва ҳамсояашро оташ зад. Ҳангоми ҳодиса дар дохили яке аз биноҳо модари марди 50-сола қарор доштааст, ки ӯ ба ҳалокат расид. Ғайр аз ин, ӯ бо истифода аз силоҳи оташфишон 2 нафарро ба қатл расонида, даст ба худкӯшӣ задааст. Шумораи умумии фатидагон бар асари сӯхтор ва тирпарронӣ 4 нафар арзёбӣ мегардад. Се корманди Хадамоти оташнишонӣ дар ҷараёни фурӯнишонии алангаи сӯхтор ҷароҳат бардошт. Омилҳои аслии ба чунин амал даст задани марди 50-сола маълум нест. Тафтишот дар ин самт идома дорад. 

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон