расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » ТВ “Илм ва табиат” чиро нишон медиҳад?

. / Ҷомеа

ТВ “Илм ва табиат” чиро нишон медиҳад?


ТВ “Илм ва табиат” чиро нишон медиҳад?

Дар асоси фармони Президент дар Тоҷиикстон боз як шабабкаи ТВ таъсис дода мешавад.Шабакаи тозатаъсис “Илм ва табиат” ном дошта, барои он 87 воҳиди корӣ ҷудо карда шуд.
Президент Кумитаи телевизиону радио ва Кумитаи давлатии сармоягузорию амволи давлатиро муваззаф кардааст, ки тайи шаш моҳи оянда масоили таъминот бо нақлиёт, бино ва дастгоҳҳои заруриро ҳал намоянд.
Таъкид шудааст, ки маблағгузории шабакаи ҷадид аз ҳисоби буҷаи ҷумҳуриявӣ амалӣ мешавад. Дар оинномаи тасдиқшудаи “Илм ва Табиат” омадааст, ки шабакаи мазкур бо забонҳои тоҷикӣ ва хориҷӣ 24 соат дар як шабонарӯз барнома пахш хоҳад кард.
Масъалаи ташкили шабакаи мазкурро Эмомалӣ Раҳмон моҳи марти соли равон дар мулоқот бо олимони кишвар ба миён гузошта буд.
Ӯ таъкид карда буд, ки дар шабакаи мазкур таълими фанҳои табиӣ, дақиқ, риёзӣ, техникӣ ва технологиро ба роҳ монда, бо ин мақсад омӯзгорони ботаҷриба ва донишмандони соҳаро ҷалб намоянд.
Супориш дода шуд, ки дар барномаҳои ҳаррӯзаи ин шабака дастовардҳои илми ватанию ҷаҳонӣ ва ихтирооти инноватсионӣ бояд пайваста муаррифӣ гарданд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.