расонаи иттилии - Ориён » . » Ҳаводис » Гулов қонунро поймол карду ҷазо гирифт

. / Ҳаводис

Гулов қонунро поймол карду ҷазо гирифт


Гулов қонунро поймол карду ҷазо гирифт

Тавре Прокуратураи генералӣ хабар медиҳад, сокини ҷамоати шаҳраки Бӯстонқалъаи ноҳияи Кӯшониён Гулов Ш., ки ҳамчун директори Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии ин ноҳия адои вазифа мекунад, қонуншиканӣ намудааст.
Манбаъ тавзеҳ дод, ки Гулов аз ҷумла 20 июни соли 2020 дар манзили истиқоматиаш тӯйи домодии писарашро бо гузаронидани “маслиҳатошӣ”, ки қонун манъ намудааст, баргузор карда, муддати ду рӯз тӯй гузарондааст.
Ҳамчунин ҳангоми овардани арӯс зиёда аз чор автомашина иштирок намудааст. Бар асоси санади таҳиякардаи прокуратураи ноҳияи Кушониён, додгоҳ судГуловро ҷаримабандӣ кардааст.
Инчунин суд Сайтов М, сокини шаҳри Норак, деҳоти Дӯконӣ, ки тӯйи домодии писарашро бо додани ду намуд таом гузарондааст, ҷарима бастааст.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.