расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » Кумаки яквақтаи раиси пойтахт ба собиқадорони ҶБВ ва кормандони раёсатҳои истифодабарии роҳҳо

. / Ҷомеа

Кумаки яквақтаи раиси пойтахт ба собиқадорони ҶБВ ва кормандони раёсатҳои истифодабарии роҳҳо

Бо ин мақсад аз буҷет дар маҷмӯъ беш аз 4,9 млн сомонӣ ҷудо карда мешавад.

Сурат: iwpr.net
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар бораи расонидани кумаки моддии яквақта ба собиқадорони Ҷанги Бзуруги Ватанӣ (ҶБВ), шахсони ба онҳо баробаркардашуда ва кормандони раёсатҳои истифодабарии роҳҳои ноҳияҳои пойтахт қарор ба имзо расонид.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти шаҳрдории Душанбе, ин кумак  ба ифтихори ҷашни 29-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон расонида мешавад.
Гуфта мешавад, 22 собиқадори ҶБВ, ки дар пойтахт умр ба сар мебаранд, аз буҷети шаҳр ҳар кадоме 900 сомонӣ кумакпулӣ мегиранд.
“353 нафар иштирокчиён ва маъюбони ҷанг дар Афғонистон, маъюбони садама дар неругоҳи атомии Чернобил, шахсоне, ки солҳои ҶБВ дар ақибгоҳ ордену медалҳо гирифтаанд, 500-сомонигӣ мегиранд”, - қайд мешавад дар хабар.
Ҳамчунин ба муносибати ҷашн 4 ҳазору 717 нафар кормандони раёсатҳои истифодабарии роҳҳои ноҳияҳои пойтахт ба сифати кумак ҳар кадоме бо 1 ҳазор сомонӣ кумаки моддӣ қадрдонӣ мешаванд.
Ба иттилои манбаъ, барои мукофотпулӣ ба собиқадорони ҶБВ ва кормандони раёсатҳои истифодабарии роҳҳои ноҳияҳои пойтахт аз буҷети шаҳр дар маҷмӯъ 4 млн 913 ҳазору 300 сомонӣ ҷудо карда мешавад.
Муовинони раисони ноҳияҳои пойтахт вазифадор карда шуданд, ки то 6 сентябр кумакҳоро шахсан ба дастони афроди дар боло зикршуда супоранд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.