расонаи иттилии - Ориён » . » Сиёсат » Ивази раиси комиссияи Тоҷикистон оид ба масоили марзӣ бо Қирғизистон

. / Сиёсат

Ивази раиси комиссияи Тоҷикистон оид ба масоили марзӣ бо Қирғизистон

Собиқ раиси комиссия аз ҷониби Тоҷикистон ба вазифаи дигар таъин шуд.

Сурат: акс аз бойгонӣ, Азаттык
Собиқ муовини сарвазири Тоҷикистон Азим Иброҳим, ки 31 август бо фармони президент вазири нақлиёти ҷумҳурӣ таъин шуд, дигар ба ҳайси ҳамраиси Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон оид ба баррасии маҷмӯи масъалаҳои дуҷониба фаъолият намекунад. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз ҳукумати Тоҷикистон хабар дод.
Дар ҷаласаи навбатии Комиссияи байни ҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон оид ба муайян кардани хати гузариши сарҳад байни давлатҳо, ки ба наздикӣ доир мегардад, ҳайати Тоҷикистонро муовини дигари сарвазир Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода роҳбарӣ мекунад.
Тавре қаблан хабар дода будем, фаъолияти гурӯҳҳои кории байниҳукуматӣ оид ба муайян кардани хати гузариши сарҳади давлатӣ байни Тоҷикистону Қирғизистон дар замони пандемия ҳам идома ёфт.
Ба наздикӣ дар шаҳри Хуҷанд ҷаласаи навбатии комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон оид ба баррасии маҷмӯи масъалаҳои дуҷониба доир мегардад.
Ҳамраиси комиссияи мазкур аз ҷониби Қирғизистон муовини сарвазири ин кишвар Акрам Мадумаров мебошад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.