расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » “Додари апа, сӯхтам”: даргузашти бародари ҷавони Таҳмина Раҷабова - навор

Асосӣ / Ҷомеа

“Додари апа, сӯхтам”: даргузашти бародари ҷавони Таҳмина Раҷабова - навор


Юсуф Раҷабов, ки дар миёни хонаводаи Раҷабовҳо бо номи Бобоҷон хитоб мешуд, даргузашт. Ӯ 32 сол дошт

Таҳмина Раҷабова, ҳунарпешаи шинохтаи Тоҷикистон аз марги Юсуф Раҷабов дар саҳифаи фейсбукияш хабар дод.

«Бобоҷони апа, додари апа, сӯхтам барои ту, ҷону ҷигаракам. Аллоҳи меҳрубон ҷоята ҷаннат гардонад, ҷони апа», — навиштааст Таҳмина Раҷабова.

Марҳум ҳамагӣ 32 сол дошт ва наздикон сабаби маргро марбути коронавирус медонанд.



Дар мавриди иллати даргузашти Юсуф, Таҳмина Раҷабова чизе нанавиштааст, аммо як узви оилаи Раҷабовҳо ба Sputnik Тоҷикистон изҳор дошт, ки марҳум гирифтори коронавирус буд. Бархе аз корбарон зимни изҳори ҳамдардӣ ба аъзои хонаводаи Раҷабовҳо дар шарҳҳо изҳор доштаанд, ки «Худо ин вабои асрро аз сари башарият дур гардонад». Бар асоси саҳифаҳои иҷтимоии Юсуф Раҷабов, ӯ чанд ҳафтаи қабл дар шабакаҳои иҷтимоӣ фаъол будаасту бо дӯстонаш шӯхиҳо мекардааст.

Худи Таҳмина Раҷабоваи 39-сола, ки дар марҳилаи аввали хуруҷи коронавирус дар Русия қарор дошту баъдан ба Тоҷикистон баргашт ва муддате дар карантин қарор дошт,  гуфта буд, ки ӯ ва бархе аъзои оилааш ин бемориро паси сар карданд.
Раҷабова соли гузашта гуфта буд, ки аъзои хонавода бемориро сабук гузаронданд, аз ҷумла модари 63-солааш низ ин бемориро паси сар кардааст.

Сарчашма: Sputnik Tajikistan

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.