расонаи иттилии - Ориён » . » Варзиш » «Соро компания» ва «Сипар» ба нимфинали Лигаи касбии футзали Тоҷикистон роҳ ёфтанд

. / Варзиш

«Соро компания» ва «Сипар» ба нимфинали Лигаи касбии футзали Тоҷикистон роҳ ёфтанд

Дастаҳои  «Сипар»-и шаҳри Хуҷанд ва «Соро компания»-и шаҳри Душанбе дар даври навбатии Лигаи касбии футзали Тоҷикистон  бар ҳарифонашон ғалаба карда,   ба даври нимфинал роҳ ёфтанд. Дар ин бора мухбири АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Дар даври ҳаштум дастаи футзали «Сипар» дар сафар дастаи «Истаравшан»-ро бо ҳисоби 12:2 мағлуб намуд. Дар ҳайати дастаи Хуҷанд Иқбол Воситзода се гол ба нишон расонида, Давид Асланян ду гол зад. Дастаи  футзали  «Соро компания»-и шаҳри Душанбе бар дастаи  «Муҳоҷир»-и шаҳри Душанбе бо ҳисоби   9:2 ғолиб омад. Дар ҳайати дастаи  ғолиб Умед Кузиев ва Вахтанг Кекелия дутӯбӣ ба ҳадаф расонданд.
Ҳамин тариқ, дастаҳои футзали  «Сипар»  ва «Соро компания», новобаста ба он ки то анҷоми марҳилаи дуюм ду даври дигар боқӣ мондааст, баромаданашонро ба даври нимфинали Лигаи касбии футзали мамлакат таъмин намуданд.
Тибқи низомномаи мусобиқа, пас аз анҷоми ду марҳила, дастаҳое, ки ҷойҳои 3-6-умро ишғол мекунанд, дар даври иловагии плей-офф бозӣ мекунанд, то ду иштирокчии дигари даври нимфинал маълум шавад. Силсилаи бозиҳо то ду пирӯзӣ давом мекунад. Баъдан даври нимфинал дар формати то ду бурд доир мегардад. Ғолибони даври нимфинал ба финал роҳ меёбанд, мағлубон барои ҷои сеюм талош мекунанд. Финал ва бозӣ барои ҷои сеюм аз силсилаи бозиҳо то се бурд иборат хоҳад буд.
Ёдовар  мешавем, ки  бозиҳои даври навбатӣ 3  сентябр  баргузор мешаванд. Дар даври нуҳум дастаҳои  футзали  «Соро компания»-и шаҳри Душанбе  бо «Самандар»-и шаҳри Турсунзода, «Сипар»-и шаҳри Хуҷанд  бо «Муҳоҷир»-и шаҳри Душанбе  ва «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб  бо «Истаравшан»-и шаҳри Истаравшан  байни ҳам рақобат мекунанд.
Лигаи касбии футзали Тоҷикистон. Даври 7-ум
«Сипар» – «Самандар» – 13:1
Голҳо: Раҳмоналӣ Шарипов, 3 (1:0). Раҳмоналӣ Шарипов, 7 (2:0). Иқбол Воситзода, 8 (3:0). Баҳодур Хоҷаев, 13 (4:0). Баҳодур Хоҷаев, 14 (5:0). Иқбол Воситзода, 18 (6:0). Алишер Сафаров, 20 (7:0). Ҷони Ҷгеренаия, 23 (8:0). Иқбол Воситзода, 29 (9:0). Абдусамад Раҳмонов, 33 (10:0). Алишер Сафаров, 34 (11:0). Фирдавс Тусматов, 35 (11:1). Раҳмоналӣ Шарипов, 39 (12:1). Абдусамад Раҳмонов, 40 (13:1).
«Истаравшан» – «Муҳоҷир» – 8:7
Голҳо: Парвиз Раупов, 2 (1:0). Самандар Ризомов, 2 (1:1). Самандар Ризомов, 8 (1:2). Парвиз Раупов, 10 (2:2). Хуршеди Зайниддин, 20 – ба дарвозаи худ (3:2). Шаҳбоз Бобоҷонов, 23 (4:2). Бахтиёр Солиев, 28 (4:3). Самандар Ризомов, 30 (4:4). Хуршеди Зайниддин, 30 (4:5). Холид Сабуров, 30 (5:5). Холид Сабуров, 32 (6:5). Холид Сабуров, 33 (7:5). Самандар Ризомов, 35 (7:6). Шаҳбоз Бобоҷонов, 38 (8:6). Самандар Ризомов, 40 (8:7).
«Равшан» – «Соро компания» – 4:13
Голҳо: Вахтанг Кекелия, 10 (0:1). Муҳаммад Шарипов, 13 (0:2). Муҳаммад Раҷабов, 15 (0:3). Насим Шарипов, 17 (0:4). Сиёвуш Қаюмов, 18 (0:5). Ҷамшед Муродов, 19 (1:5). Вахтанг Кекелия, 22 (1:6). Муҳаммад Шарипов, 23 (1:7). Малхаз Муртсхваладзе, 23 (1:8). Рустам Зауров, 24 (2:8). Насим Шарипов, 27 (2:9). Ҷамшед Муродов, 28 (3:9). Фаридун Неъматов, 29 (3:10). Ҷамшед Муродов, 30 (4:10). Насим Шарипов, 32 (4:11). Насим Шарипов, 35 (4:12). Фаридун Неъматов, 39 (4:13).
Лигаи касбии футзали Тоҷикистон. Даври 6-ум
«Соро компания» – «Сипар» – 1:2
Голҳо: Некрӯз Алимаҳмадов, 3 – пеналти (1:0). Собирҷон Гуляков, 11 (1:1). Парвиз Раҳматов, 32 (1:2).
 «Самандар» – «Истаравшан» – 8:16
Голҳо: Шаҳбоз Бобоҷонов, 5 (0:1). Шаҳбоз Бобоҷонов, 8 (0:2). Шаҳбоз Бобоҷонов, 13 (0:3). Холид Сабуров, 14 (0:4). Ориф Меликов, 15 (1:4). Ориф Меликов, 16 (2:4). Шаҳбоз Бобоҷонов, 16 (2:5). Акбар Маманазаров, 17 (3:5). Акбар Маманазаров, 18 (4:5). Шаҳбоз Бобоҷонов, 19 (4:6). Шаҳбоз Бобоҷонов, 20 (4:7). Ашраф Сабитов, 21 (5:7). Мирзорауф Умаров, 22 (5:8). Фаридун Расулов, 25 (5:9). Холид Сабуров, 32 (5:10). Абдулазиз Холбоев, 35 (6:10). Холид Сабуров, 37 (6:11). Акбар Маманазаров, 37 (7:11). Фаридун Расулов, 37 (7:12). Фаридун Расулов, 38 (7:13). Фаридун Расулов, 39 (7:14). Фаридун Расулов, 40 (7:15). Ашраф Сабитов, 40 (8:15). Фаридун Расулов, 40 (8:16).
 «Муҳоҷир» – «Равшан» – 12:3
Голҳо: Иброҳим Мирзоев, 2 (0:1). Самандар Ризомов, 4 (1:1). Самандар Ризомов, 10 (2:1). Бахтиёр Солиев, 11 (3:1). Бахтиёр Солиев, 15 (4:1). Хуршеди Зайниддин, 15 (5:1). Самандар Ризомов, 23 (6:1). Идимад Авзалов, 26 (6:2). Хуршеди Зайниддин, 30 (7:2). Абдуқаюм Умаров, 30 (8:2). Раҳмон Ҳасанов, 31 (8:3). Хайём Дарвешов, 33 (9:3). Хайём Дарвешов, 34 (10:3). Шоҳмуҳаммад Бобоев, 37 (11:3). Некрӯз Идиев, 38 (12:3).
Лигаи касбии футзали Тоҷикистон. Даври 8-ум
31 август (душанбе)
«Истаравшан» – «Сипар» 2:12
  «Муҳоҷир» – «Соро компания»  2: 9
Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа

 ДАСТАҲО                               
 Б         
 Ғ        
 М         
 Б           
 Т-Т             
 Х   
 1
 «Сипар»(Хуҷанд)
 8
 7
 1
 0
 61-19
 22
 2
 «Соро компания»(Душанбе)
 8
 6
 1
 1
 63-14
 19
 3
«Муҳоҷир» (Душанбе)
 8
 4
 0
 4
 43-43
 12
 4
 «Истаравшан» (Истаравшан)
 8
 3
 0
 5
 53-61
 9
 5
 «Равшан» (Кӯлоб)
 7
 1
 0
 6
 30-68
 3
 6
 «Самандар» (Турсунзода)
 7
 1
 0
 6
 35-80
 3
 
Самандар Ризомов («Муҳоҷир») – 15 тӯб, Шаҳбоз Бобоҷонов («Истаравшан») – 14 тӯб, Иқбол Воситзода («Сипар»), Фаридун Расулов («Истаравшан») –ҳарду 13 тӯбӣ, Собирҷон Гуляаков («Сипар») – 12 тӯб, Насим Шарипов, Муҳаммад Раҷабов (ҳарду – «Соро компания») –   9 тӯбӣ.
 Лигаи касбии футзали Тоҷикистон. Даври 9-ум
3 сентябр
«Соро компания» – «Самандар»
«Сипар» – «Муҳоҷир»
«Равшан» – «Истаравшан»

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

  • Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

    забонҳо

    Маъмурияти сомона:

    Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.