Фаврӣ! таркишҳо дар метрои Петербург (видео)


Баъд аз зӯҳри 3 апрел дар ду истгоҳи метрои шаҳри Санкт-Петербург таркишҳо рух додаанд. Гузоришҳои муқаддамотӣ дар бораи дастикам 10 қурбонии ин ду таркиш хабар медиҳанд.

Бино ба хабарҳо, баъд аз зӯҳри 3 апрел дар ду истгоҳи метрои шаҳри Санкт-Петербурги Русия – "Сенная площадь" ва "Технологический институт" - таркиш рух додааст. Бар асари таркишҳо, ба гуфтаи мақомоти ҳолатҳои фавқулоддаи Русия, дастикам 10 нафар қурбон шудаанд.

Аксу видеоҳои нашршуда аз ҷои ҳодиса нишон медиҳанд, ки бар асари таркишҳо вагонҳои метро хароб шудаанд.

Сабаби таркиш ҳанӯз рӯшан нест.

Шаҳри Санкт-Петербург ва вилояти Ленинград яке аз маконҳои асосии кору зиндагии муҳоҷирони тоҷик дар Русия ба шумор мераванд. Бино ба ҳисобҳо, дар минтақа ва вилоятҳои атроф зери 100 ҳазор аз зодагони Тоҷикистон кору зиндагӣ мекунанд.

Танҳ дар бозори "Сенная”-и шаҳри Санкт-Петербург, ки дар наздикии истгоҳи метрои "Сенная площадь" – маҳалли яке аз таркишҳои 3 апрел – ҷойгир шудааст, ба гуфтаи афроди огоҳ, то 600 нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон кор мекунанд. То ин соат дар бораи осеб дидани шаҳрвандони тоҷик дар таркишҳо дар метрои Петербург гузориш нашудааст.

ТАФСИЛОТИ БЕШТАР НАШР МЕШАВАД

Гузориши мустақими ТВ "Лайф” аз ҷои ҳодисаро инҷо тамошо кунед:




назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон