расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » Президенти Тоҷикистон сарони давлатҳои Ӯзбекистон ва Қирғизистонро бо Рӯзи истиқлолият табрик намуданд

Асосӣ / Сиёсат

Президенти Тоҷикистон сарони давлатҳои Ӯзбекистон ва Қирғизистонро бо Рӯзи истиқлолият табрик намуданд

Ба муносибати 29-умин солгарди Рӯзи истиқлолияти Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ки 1 сентябр таҷлил карда мешавад, ба унвони Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев аз роҳбарони давлатҳои хориҷӣ, созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, ходимони намоёни давлатӣ, ҷамъиятӣ ва динӣ табрикоти самимӣ ирсол мегарданд, иттилоъ медиҳад Агентии миллии иттилоотии «УзА».
Ба иттилои манбаъ, дар барқияи табрикотии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин омадааст:
«Муҳтарам Шавкат Миромонович,
Шумо ва ҳамаи ҳамватанони Шуморо бо ҷашни миллӣ — Рӯзи истиқлолияти Ҷумҳурии Ӯзбекистон самимона табрик мегӯям.
Дар ин рӯзи фархунда ба Шумо саломатии бардавом, саодат ва дар корҳоятон муваффақиятҳои нав, инчунин ба халқи бародари ӯзбек сулҳи абадӣ, некӯаҳволӣ ва шукуфоӣ таманно дорам.
Дар тӯли солҳои истиқлолият Ӯзбекистон роҳи тӯлонии бунёди давлатдориро тай намуда, дар рушди иҷтимоию иқтисодӣ, таъмини болоравии некӯаҳволии мардум ва таҳкими нуфузи байналмилалии худ ба муваффақиятҳои назаррас ноил гардид. Махсусан дигаргуниҳое, ки имрӯз дар сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар таҳти роҳбарии Шумо, муҳтарам Шавкат Миромонович, ба амал омада истодаанд, таассуротбахшанд.
Тақвият ва густариши пайвастаи равобити дӯстонаи Тоҷикистону Ӯзбекистон ва ҳамкории гуногунҷанба ҳамеша ҷузъи муҳимтарини сиёсати хориҷии Тоҷикистон буд ва мемонад.
Боиси хушнудист, ки солҳои охир бо саъю кӯшиши муштараки ҷонибҳо ҳамкории пурсамари байнидавлатии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар тамоми соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн бемайлон рушд мекунад.
Итминон дорам, ки мо минбаъд низ бар асоси анъанаҳои чандинасраи дӯстӣ, некию ҳамҷаворӣ, эҳтиром ва эътимоди мутақобила муносибатҳои шарикии стратегии ду кишварро ба манфиати халқҳои бародарамон, таъмини сулҳ, субот ва рушди минбаъдаи ҳамкории созанда дар минтақаамон ҳамаҷониба тақвият хоҳем дод.
Бо эҳтироми амиқ,
Эмомалӣ Раҳмон,
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон»
***
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин дирӯз Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков ва мардуми ин кишварро бо Рӯзи истиқлолият, ки 31 август таҷлил мегардад, табрик намуданд. Дар ин бора агентии иттилоотии давлатии ин кишвар «Кабар» бо истинод ба шуъбаи сиёсати иттилоотии Дастгоҳи Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон хабар медиҳад.
«Аз самими қалб ба Шумо саломатии бардавом, саодат ва дар фаъолияти давлатиатон муваффақият ва ба халқи бародари Қирғизистон осмони осоишта, некӯаҳволӣ ва шукуфоӣ таманно дорам. Дар тӯли солҳои истиқлолият Қирғизистон ба дигаргуниҳои муҳим дар сохтори давлатӣ, таъмини рушди бемайлони иҷтимоию иқтисодӣ ва таҳкими нуфузи худ дар арсаи байналмилалӣ ноил гашт. Мо ҳамеша аз ин дастовардҳои ҳамсояи наздикамон шод ҳастем ва ба таҳким ва густариши пайвастаи муносибатҳои дӯстонаи Қирғизистону Тоҷикистон ва ҳамкории гуногунҷанба ба манфиати халқҳоямон аҳамияти калон медиҳем», — гуфта мешавад дар барқияи табрикотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Эмомалӣ Раҳмон изҳори итминон кардаанд, ки муносибатҳои неки ҳамҷавории ду кишвар, ки анъанаҳои бойи таърихӣ доранд, минбаъд низ дар доираи шарикии созанда босуръат рушд хоҳанд кард.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.