расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » Президент: маошу нафақаҳо пардохт ва маҳсулот захира шавад

Асосӣ / Сиёсат

Президент: маошу нафақаҳо пардохт ва маҳсулот захира шавад

Таҳти раёсати Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси навбатии ҳукумати ҷумҳурӣ баргузор шуд.

Маҷлиси ҳукумат, 31 августи соли 2020
Сурат: хадамоти матбуоти сарвари давлат
Таҳти раёсати президенти Тоҷикистон, раиси ҳукумати мамлакат Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси навбатии ҳукумати ҷумҳурӣ баргузор гардид.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, Эмомалӣ Раҳмон бо назардошти вазъи ҷомеаи ҷаҳонӣ, паҳншавии пандемияи бемории сироятии короновирус ва таъсири омилҳои беруна ба иқтисодиёти мамлакат, супориш дод, ки ба хотири рафъи камбудию мушкилоти пешомада аз тамоми имконот васеъ ва самаранок истифода бурда, дар байни мардум корҳои фаҳмондадиҳиро оид ба истеҳсолу захираи маводи кофии озуқаворӣ ва риояи қоидаҳои санитарӣ ба роҳ монанд.
Пас аз шунида шудани ҳисоботи вазири кишоварзӣ Амонулло Салимзода оид ба ҷараёни иҷрои Барномаи рушди соҳаи тухмипарварӣ дар ҶТ барои солҳои 2016-2020, ба Вазорати кишоварзӣ ва Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон супориш дода шуд, ки барои татбиқи пурраи ин Барнома аз тамоми имкону захираҳо ва таҷрибаи пешқадам истифода баранд.

Гуфта мешавад, мақсади асосии барномаи мазкур ин амалӣ намудани сиёсати ҳукумати кишвар оид ба рушди соҳаи тухмипарварӣ, навъсанҷӣ, селексияи растанӣ, инчунин татбиқи бомуваффақияти он ва бунёди соҳае мебошад, ки дар мутобиқат бо стандартҳои байналмилалӣ фаъолият намояд.
Ба масъулини вазорати кишоварзӣ бобати истифодаи самараноки замин, интихоби тухмиҳои хушсифату серҳосил дар вақти кишти зироатҳо ва таъмини бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти кишоварзӣ дастуру супоришҳо дода шуд.
Зикр мегардад, ки ба ҳукумати мамлакат ва сохторҳои дахлдор доир ба таъмини саривақтии маошу нафақа супоришҳо дода шуд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.