расонаи иттилии - Ориён » . » Ҳаводис » Пулиси Душанбе шахсияти донишҷӯеро, ки деканро бо корд зада буд, расонаӣ кард

. / Ҳаводис

Пулиси Душанбе шахсияти донишҷӯеро, ки деканро бо корд зада буд, расонаӣ кард

Ин ҳодиса 28-уми январ дар худи Донишгоҳ рух додааст.

http://dushanbepolice.tj/
Пулиси Душанбе шахсияти донишҷӯеро, ки декани факултаашро бо корд зада буд, расонаӣ кард. Бино ба иттилои РВКД дар Душанбе ин нафар Давлятов Айниддин Нуриддинович, сокини 20-солаи ноҳияи Рӯдакӣ будааст.
Айниддин Давлятов, сокини ҷамоати Саркиштии ноҳияи Рӯдакӣ  донишҷӯйи соли дувуми Донишгоҳи технологиии Тоҷикистон, декани факултаи менеҷменти байналмилалии донишгоҳи номбурда Имомназаров Музафарро барои нагузоштани баҳо ва ба донишгоҳ даъват кардани падараш рӯзи 28-уми январ, тахминан соати 16.30-и аср дар назди утоқи кораш бо корд задааст.
"Чуноне санҷиш ва тафтиши раванди таҳсилоти гумонбаршаванда Давлятов Айниддин дар донишгоҳи мазкур муайян намуд, номбурда ба таври доимӣ ба дарсҳо ҳозир нагардида, дар баробари ин нисбати устодон беэҳтиромӣ зоҳир намуда, аз имтиҳонҳо низ қарздор будааст. Декани факултети мазкур ба хотири фаҳмидани мушкилоти донишҷӯ падари гумонбаршуда шаҳрванд Давлятов Нуриддинро ба донишгоҳ даъват намуда, аз раванди таҳсилот, одобу ахлоқ ва мушкилоти фарзандаш ӯро огоҳ намудааст",-менависад торнамои РВКД дар Душанбе.
 Айниддин Давлятов аз он ки падараш аз нахондану қарздории ӯ аз имтиҳонҳо тавассути декани факултет огоҳ шуда, ӯро сарзаниш кардааст, ба гуфтаи пулиси Душанбе "нақшаи аз ҳаёт маҳрум сохтани деканро тарҳрезӣ намудааст. Бо ин мақсад, санаи 28-уми январи соли ҷорӣ бо корд мусаллаҳ гашта, декани факултети худро дар назди утоқи кориаш бо корд захмӣ карда, аз ҷойи ҳодиса фирор мекунад".
Ҳоло ин донишҷӯ дастгир шуда, алайҳи ӯ бо моддаи 32-қисми 3 – 104 қисми 1 (суиқасд ба одамкушӣ)-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст. Ин модда маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз 8 то 15 солро пешбинӣ мекунад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.