расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » Дарёфти ҷасади боз як ҷавони хунукзада дар кӯҳҳои Хоҷамастон

. / Ҷомеа

Дарёфти ҷасади боз як ҷавони хунукзада дар кӯҳҳои Хоҷамастон

Қаблан наҷотбахшон ҷасадҳои падару писарро дарёфт карда буданд.


Сурат: Акси марбута
Ҷасади сокини 23-солаи деҳаи Зағертути ҷамоати Ваҳдати шаҳри Леваканд Рустам Саидов дар як нишебии кӯҳҳои Хоҷамастон дарёфт шуд, хабар дод ба “Азия-Плюс” котиби матуотии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ Умеда Юсуфӣ.
Ба гуфтаи ӯ, 21 январ се нафар сокинони ин деҳа барои ҷустуҷӯи чорвои хонагиашон ба кӯҳ баромада, дигар барнагашта буданд.
Корҳои ҷустуҷӯи ҷасадҳои онҳо якчанд рӯз идома ёфта, лекин натиҷае ҳосил нашуд.
Нимаи рӯзи 29 январ дар қаламрави ҷамоати деҳоти Истиқлоли ноҳияи Ҷомӣ дар кӯҳи Хоҷамастон ҷасадҳои падару писар - Баён Солеҳови 45-сола ва Муҳтоҷиддини 15-сола дар оғӯши ҳамдигар дарёфтанд.
Ҷасадҳо қариб 3 километр дуртар аз макони ҳисти фавтидагон пайдо шуданд. Сабаби марги онҳо хунукзадагӣ арзёбӣ мешавад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.