расонаи иттилии - Ориён » . » Ҳаводис » Дуздон гарданбанди тиллоӣ ва телефони мобилиро дуздиданд, вале дастгир шуданд

. / Ҳаводис

Дуздон гарданбанди тиллоӣ ва телефони мобилиро дуздиданд, вале дастгир шуданд

Ба ШВКД дар ноҳияи А.Ҷомӣ бо ариза зани 37-солаи сокини ҷамоати деҳоти Иттифоқи ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки моҳи декабри соли 2020, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ вориди хонаи истиқоматиаш шуда, аз он ҷо 1-адад гарданбанди тиллоиро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Зарари расонидашуда 5 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ноболиғи 17-солаи сокини ҷамоати деҳоти Иттифоқ бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Инчунин, дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 24 ва марди 41-солаи сокинони ҷамоати шаҳраки А.Ҷомии ноҳияи А.Ҷомӣ ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуданд.
Номбурдагон, шаби 26-уми январи соли 2021, тахминан соатҳои 23:00 дар кӯчаи Сомониёни ноҳияи А.Ҷомӣ аз ҷайби ҷавони 24-солаи сокини ҷамоати шаҳраки А.Ҷомии ноҳияи мазкур, 1-адад телефони мобилии тамғаи “Самсунг Галакси А-50”-ро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Зарари расонидашуда 2 ҳазору 500-сомониро ташкил медиҳад.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.