расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷаҳон » Коршиносони СҶТ ба бозори маҳсулоти баҳрии Вуҳони Чин рафтанд

. / Ҷаҳон

Коршиносони СҶТ ба бозори маҳсулоти баҳрии Вуҳони Чин рафтанд


Гуруҳи коршиносони Созмони ҷаҳонии тандурустӣ (СҶТ), ки бо ҳадафи мушаххас кардани сабабҳои паҳншавии вабои коронавирус ба Чин рафта буданд, аз бозори маҳсулоти баҳрии шаҳри Вуҳон дидан карданд. Дар моҳи декабри соли 2019 бори аввал вабои коронавирус дар бадани кормандони ин бозор ошкор шуда буд.
Коршиносон дар ин бозор як соат ҳузур доштанд ва бо рӯзноманигорон суҳбат накарданд. Рӯзи панҷшанбе муҳлати карантини дуҳафтаии коршиносон ба поён расид. Баъди вуруд ба Чин онҳоро ба карантин гирифта буданд. Коршиносон аз он рӯз ба ин тараф ба беморхонаҳо ва дигар бозорҳо рафтанд. СҶТ мегӯяд, коршиносони ин ниҳод дар гашту гузор барои пажуҳиш дар Чин маҳдудият доранд - мақомоти Чин имкон намедиҳанд, ки онҳо озодона пажуҳиш кунанд.
Ба гуруҳи коршиносони СҶТ мутахассисон аз чанд кишвар шомил ҳастанд. Вазифаи онҳо аз он иборат аст, ки ҳолати гирифтории афроди нахустинро дар Вуҳон шиносоӣ кунанд. Нахустин ҳолатҳои гирифторӣ ба коронавирус маҳз дар ҳамин шаҳр сабт шуда буд. Вуҳон дар моҳи январи соли 2020 ба карантин гирифта шуд. Аммо ин чораҳо имкон надод, ки аз паҳншавии вабои коронавирус пешгирӣ шавад. Дар моҳи март коронавирус вабои сартосарӣ унвон шуд. Дар ин муддат дар саросари дунё бештар аз 100 миллион кас мубтало ва бештар аз 2 миллиону 200 ҳазор кас аз он фавтидааст.
Бисёре аз мутахассисон бар ин боваранд, ки коронавирус аз ҳайвон ба инсон гузаштааст. Ҳамзамон ба таври маснуъӣ сохта шудани ин вирус аз эҳтимол дур нест - мақомоти Чин ин гузинаро рад мекунанд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.