расонаи иттилии - Ориён » . » Ҳаводис » Вазири мудофиаи Тоҷикистон ба Маскав меравад

. / Ҳаводис

Вазири мудофиаи Тоҷикистон ба Маскав меравад

Ӯро ҳамтои русиягиаш Сергей Шойгу даъват кард.

Сурат: акс аз бойгонии Asia-Plus
Вазири мудофиаи Тоҷикистон генерал-полковник Шералӣ Мирзо рӯзҳои 3-4 сентябр дар кори вохӯрии муштараки вазирони мудофиаи кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ), Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) ва Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) иштирок мекунад.
Тавре ба “Азия-Плюс” аз Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ хабар доданд, дар вохӯрии муштарак масоили ҳамкории ҷонибҳо дар соҳаҳои ҳарбӣ-техникӣ баррасӣ мешаванд.
Ба мушкилоти суботи вазъ дар Афғонистон, муқовимати муштарак ба сирояти коронавирус, баргузории чорабиниҳои муштарак, тайёр кардани кадрҳо ва табодули маълумот таваҷҷуҳи хосса зоҳир хоҳад шуд.
Дар ҳошияи нишасти Маскав дидору гуфтушуниди вазири мудофиаи Тоҷикистон бо чанде аз ҳамтоёнаш аз ИДМ, СҲШ ва СААД дар назар аст.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.