расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » 4 қоидаи хондани хабар дар бораи ваксинаҳои COVID-19

. / Ҷомеа

4 қоидаи хондани хабар дар бораи ваксинаҳои COVID-19


Хабарҳо дар бораи ваксина имрӯз яке аз муҳимтаринҳо барои ҷомеа мебошад, ҳама умедворанд, ки бо ин пандемия зудтар хотима хоҳад ёфт.
Аммо барои аввалин шуда интишор кардани хабарҳо дар ин бора, баъзе рӯзноманигорон на натиҷаҳои ниҳоӣ, балки гузоришҳоро дар бораи марҳилаҳои пешакии таҳқиқот нашр мекунанд ва бо ин мардумро ба иштибоҳ меандозанд. Аз ин рӯ, ҳатто агар манбаъ ба таҳқиқоти илмӣ ишора кунад ҳам, аз тафаккури танқидиро кор гирифтан муҳим аст.
Дар зер чор маслиҳат оид ба хондани ахбори ваксинаро пешниҳод мекунем:
"Pfizer ва BioNTech аввалин шуда дар ҷаҳон марҳилаи ниҳоии озмоишҳои клиникиро ба анҷом расониданд." Хабарҳо бо ин сарлавҳа якбора дар якчанд нашрияҳои ҷаҳонӣ нашр шуданд. Оё ин маънои онро дорад, ки дору барои табобати COVID-19 ёфт шудааст?
Ваксинаҳо пеш аз дастраси омма шудан аз якчанд марҳилаи санҷиш мегузаранд. Марҳилаҳои якум ва дуюм озмоишҳои ихтиёрӣ мебошанд, то муайян кунанд, ки дору то чӣ андоза бехатар ва самарабахш аст. Олимон натиҷаро танҳо пас аз марҳилаи сеюм мебинанд, вақте ки ваксина дар гурӯҳҳои ихтиёриён ба қадри кофӣ таҳқиқ шуда, натиҷаҳои хуб нишон диҳад. Яъне, ин як ваксинаи дигар аст, ки ҳангоми озмоишҳо натиҷаҳои хуб нишон медиҳад.
Аҳамият диҳед, ки дар мавод маълумоти демографӣ дар бораи гурӯҳҳои ихтириёни санҷиши ваксина оварда шудааст ё на.
Журналистоне, ки аз натиҷаҳои озмоиши клиникӣ гузориш медиҳанд, бояд ба таркиби беморон диққат диҳанд. Натиҷаҳои чунин таҳқиқот метавонанд, масалан, ба одамони аз 60 то 80-сола ё ба калонсолони бемор гузаронида нашавад. Дар маҷаллаҳои тиббӣ, ин маълумоти демографӣ одатан дар тадқиқоти нашршуда пайдо мешавад.
Бояд дарк кард, ки ваксинаҳо имкониятҳои маҳдуд доранд.
Тибқи гуфтаи муҳаққиқон, онҳо ҳеҷ гоҳ дар бораи то чӣ андоза самаранок будани ваксина ҷавоби дақиқ надоранд. Як қатор фосилаҳои эътимод мавҷуданд, ки олимон мекӯшанд ҳарчи бештар ошкор кунанд, то фаҳманд, ки ин диапазон ба воқеият чӣ гуна мувофиқат мекунад. Ғайр аз ин, бисёре аз рӯзноманигорон дар ҷустуҷӯи эксклюзив натиҷаҳои таҳқиқотро аллакай дар марҳилаи аввал нашр мекунанд, ки дар бораи самаранокии ваксина чизе намегӯяд. Аудитория, дар навбати худ, бояд дарк кунанд, ки ба пажӯҳишгарон барои пурра фаҳмидани самаранокӣ ва таъсири манфии ваксина вақт лозим аст.
Шабакаи манбаъҳои боэътимоди худро эҷод кунед, то ба шумо барои омӯхтан ва ба даст овардани маълумот кӯмак расонад.
Назарҳои зиёди гуногун ба Шумо имкони гирифтани тасвири мукаммалтар дар бораи ваксинаҳои COVID-19-ро медиҳанд. На танҳо ба матнҳо, балки ба рақамҳо низ диққат диҳед. Баъзан рақамҳо чизҳоеро нишон медиҳанд, ки матн тасвир намекунад ё ҳатто кам мекунад.
Мавод дар доираи Маъракаи рушди маърифати расонаӣ дар Тоҷикистон – “Се нуқта. Бидон, чиро мебинӣ!” таҳия шудааст. Ба саҳифаи “Се нуқта. Бидон, чиро мебинӣ!” дар шабакаҳои иҷтимоии Facebook ва Одноклассники пайваст шавед ва маърифати расонаии худро инкишоф диҳед!
Дигар маводҳои лоиҳаро ин ҷо хонед: Бидон, чиро мебинӣ!

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.