расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷаҳон » Фаъолон гуфтанд, “ба хотири фишор ба сунниҳо” як масҷиди тоза сохташудаистода дар Эрон тахриб шуд

. / Ҷаҳон

Фаъолон гуфтанд, “ба хотири фишор ба сунниҳо” як масҷиди тоза сохташудаистода дар Эрон тахриб шуд

Эроншаҳр. Макони масҷиде, ки тоза бунёд мешуд ва бо тасмими мақомот, тахриб карда шуд

Фаъолони балучӣ гуфтанд, ки мақомоти эронӣ як масҷидеро, ки дар ҳоли сохта шудан дар Эроншаҳри вилояти Сиистон ва Балучистон буд, “ба хотири фишор ба аҳли суннат” тахриб карданд. Ташаббуси Балучиҳои Аврупо бо нашри изҳороте гуфт, ки тахриби зербинои масҷид 23-юми январ рух дод, ҳарчанд ин муассиса тамоми иҷозатномаҳои лозимии мақомотро гирифта буд. Вале шаҳрдори Эроншоҳ Нураҳмад Дархуш ба оҷонсии IRNA гуфт, ки сохтмон иҷозатнома надошт. IRNA гуфт, ки макони бунёди масҷид ҳамчун майдони боз барои намозгузорон сабтином шуд ва “бар асоси қонунҳо, шифти болояш набояд сохта мешуд”.
Дар ин гузориш омадааст, ки Эроншаҳр – макони зисти аксар қавми балуч - 500 масҷиди аҳли суннат дошта, 80 масҷидаш барои намозгузорони шиамазҳаб хидмат мекунад.

Фаъолони балуч гуфтанд, ки мақомот дар чанд ҳафтаи гузашта сохтмони ду масҷиди дигари аҳли суннатро дар минтақа қатъ карданд. Онҳо гуфтанд, ки қарори мазкур зери фишори намояндагони Раҳбари олии Эрон Алии Хоманеӣ ва вазорати иттилоот гирифта шудааст.
Дар гузашта ҳам аққалиятҳои қавмиву динӣ аз фишор ва табъйизи давлат шикоятҳо кардаанд.
Моҳи январ дар номааш ба номи Оятулло Хоманеӣ раҳбари маъруфи сунниҳои Эрон Мавлоно Абдулҳамид аз он чи ки, ба гуфтааш, “бархӯрди табъизомез нисбати сунниҳо” номид, интиқод кард. Ӯ гуфт, “42 сол баъди ғалабаи Инқилоби исломӣ, сунниҳои Эрон ҳамоно бо мушкилот ва нигарониҳо дар заминаи ҳуқуқи маданӣ рӯбарӯ ҳастанд” ва афзуд, ки сунниҳо дар Эрон “шаҳрвандони дараҷаи ду” мебошанд.
Оятулло Орифй, раиси маъракаи фаъолони Балуч дар сӯҳбат бо шабакаи Би-Би-Си гуфт, ки дар ду моҳи гузашта гурӯҳи онҳо ҳодисаҳои қатли 16 узви ин ҷомеаро сабт кардаанд.

Маркази ҳуқуқи башари Эрон, воқеъ дар Ню-Йорк моҳи декабр гузориш дод, ки дар Сиистон ва Балучистон ҳукми қатли 3 зиндонии балуч ба иҷро даромад. Ин афродро барои узвият дар гурӯҳҳои ҷангҷӯи суннимазҳаб гунаҳгор карданд, ки дар гузашта дар Эрон ҳамлаҳо анҷом додаанд.
Мустафо Нилӣ, як ҳомии ҳуқуқи башар дар сӯҳбат бо ҳафтаномаи “Эътимод” 18-уми декабр гуфт, ки дастикам 10 зиндонӣ дар маҳбаси Зоҳидон ба марг маҳкум шудаанд ва онҳоро дар фаъолиятҳои оппозитсионӣ зидди Ҷумҳурии Исломӣ гунаҳгор мекунанд. Фаъолони ҳуқуқ гуфтанд, ки дар ду ҳафтаи гузашта дар шаҳру манотиқи мухталифи Эрон 50 фаъоли курдтабор бо иттиҳоми номаълум боздошт шудаанд. Кова Кирмоншоҳӣ, сухангӯи Шабакаи ҳуқуқи башари Курдистон дар сӯҳбат бо Радио Фардо гуфт, ки бовар дорад дар пушти ин ҳама саркӯбҳо Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ истодааст. Кирмоншоҳӣ гуфт, ки “аксари боздоштшудаҳо фаъолони сиёсиву маданӣ, фарҳангӣ ва муҳитзистӣ, ҳатто фаъолони ҳунар мебошанд ва танҳо шумори ками онҳо шаҳрвнадони қаторӣ ҳастанд”. Айни замон, ӯ гуфт, ки далели боздошту фишорҳои охирро намедонад ва изҳори нигаронӣ кард, ки ба боздоштшудаҳо ба хотири эътирофҳои маҷбурӣ фишор хоҳанд овард.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.