расонаи иттилии - Ориён » . » Варзиш » Таъсиси дастаи футзал дар сохтори тими “Истиқлол”

. / Варзиш

Таъсиси дастаи футзал дар сохтори тими “Истиқлол”

Расмиёти таъсиси даста дар арафаи анҷомёбӣ буда, бозингарон интихоб мешаванд.


Тими футболи “Истиқлол”-и Душанбе аввалин дастаи Тоҷикистон мешавад, ки ҳам дар футболи бузург ва ҳам футболи хурд намояндаи худро хоҳад дошт.
Раҳбарияти даста тасмим гирифтааст, ки ба футзал (футболи хурд), ки дар Тоҷикистон торафт писандида мешавад, низ таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намояд.

“Истиқлол” қарор кардааст, ки дар заминаи тим дастаи футзал таъсис бидиҳад, ки дар мусобиқаи чемпионати ҷумҳурӣ аз мавсими нав бозӣ мекунад.
Бино ба маълумоти маркази матбуоти “Истиқлол”, расмиёти таъсиси дастаи нав дар арафаи анҷомёбӣ буда, бозингарон интихоб мешаванд ва ба наздикӣ ҳайати ситоди мураббиён эълон мешавад.
Тамрину машшқ ва бозиҳои хонагии даста дар маҷмааи варзиши Кумитаи андози Тоҷикистон баргузор мешаванд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.