расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷаҳон » Боздошти даҳҳо эътирозгар дар Белорус

. / Ҷаҳон

Боздошти даҳҳо эътирозгар дар Белорус


Белорус. 30-уми август. Нерӯҳои интизомӣ дар назди "Майдони истиқлол"

Пулиси Белорус даҳҳо нафарро, ки зидди Александр Лукашенко дар пойтахти кишвар эътироз мекарданд, боздошт кард.
Ҳазорон нафар рӯзи 30-уми август ба сӯи “Майдони истиқлол” ҳаракат карданд. Ин майдонро нерӯҳои интизомӣ иҳота карда буд.
Пулис ва нерӯҳои ОМОН аз вуруди эътирозгарон ҷилавгирӣ карданд ва теъдоде аз онҳоро боздошт намуданд.
22 рӯз боз сокинони норозӣ аз натиҷаҳои интихобот дар Белорус корпартоӣ ва эътироз мекунанд.
Вазорати корҳои дохилии Белорус ба сокинон ҳушдор додааст, ки дар эътирозҳои беиҷозат иштирок накунанд ва аз эътирозгарон ҳадди ақал 100 метр дур бошанд.
Рӯзи 9-уми август дар Белорус интихоботи президентӣ баргузор шуд ва Александр Лукашенкоро пирӯз эълон карданд. Александр Лукашенко 24 сол боз раҳбари ин кишвари аврупоӣ аст.
Эътирозгарон Свтелана Тихановскаяро пирӯз медонанд ва натиҷаҳои расмии интихоботро қабул надоранд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.