расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » ЯК БОР БА "ДИСКАТЕЙКА" РАФТАМУ ДАР БАЛО МОНДАМ!

. / Ҷомеа

ЯК БОР БА "ДИСКАТЕЙКА" РАФТАМУ ДАР БАЛО МОНДАМ!

 
Машғули корҳои эҷодӣ будам, ки телефон занг зад. Аз ҳамкоронам пештар гӯширо бардоштам.
-Ин ҷо «Оила» аст, бародар?
-Бале, идораи ҳафтаномаи «Оила» аст, ягон савол доштед?
-Акаҷон, ба ман маслиҳат диҳед, чӣ кор кунам? Ба куҷо гурезам?
-Истед, истед. Дурусттар фаҳмонед, шумо аз кӣ ва чаро гурехтан мехоҳед?
-Аз бародарам. Акаам, агар маро ёбад, сарамро аз танам ҷудо мекунад,-инро гуфта духтарак фиқ-фиқкунон ба гиря даромад.
Бо як азоб ӯро ором карда пурсидам, ки чӣ ҳодиса рӯй додааст. Духтарак бо садои ларзон нақл кард:
-Касе аз аҳли хонаводаамон розӣ набуд, ки ман донишҷӯ шавам, на падарам, на модарам ва на тағову амакҳоям. Ягона касе, ки дарди маро мефаҳмид, бародарам буд. Ба хонаи ӯ рафтам, наздаш ба зону зада «акаҷон, ягон илоҷ карда падарамро розӣ кунонед, охир донишҷӯ шудан ягона орзуи ман дар зиндагист» гуфта гиря кардам. Бародарам саргаранг шуда «хоҳарҷон, падарамро худат нағз медонӣ, то имрӯз ягон духтарашро хондан намондааст» гуфт, вале мани ташнаи илму дониш ба ҷону ҳолаш намонда «ягона касе, ки падарамро розӣ карда метавонад шумоед, илтимос, ба доди ман расед» гӯён, зориву тавалло намудам. Дили бародарам ба ҳоли ман сӯхту ҳамроҳам ба хона омад.
Падарам аввал розӣ нашуд, вале бародарам тамоми масъулиятро бар дӯши худ гирифта, ӯро бовар кунонд, ки ягон ҳодисаи нохуш рӯй намедиҳад ва иншооллоҳ ман бо сари баланд донишгоҳро хатм карда, номбардори авлодамон мешавам. Падарам танҳо пас аз ин ба ман дуои сафед дод ва бародарам «кӯшиш кун, ки сари моро паст накунӣ» гӯён, маро ба шаҳр оварда барои дохил шуданам мусоидат намуд.
Бале, бародарам ба ман бовар карда, маро ба шаҳр овард, вале… Шаҳри калонро дида мани қишлоқӣ аз худ рафтам. Барои он ки ба духтарҳои шаҳрӣ монанд шавам, мӯйҳоямро буридам, либосҳои тоҷикиамро бо аврупоӣ иваз намудам, Лабу лунҷамро сурх кардам. Дугонабоз шудам. Дугонаҳоям маро шабҳо ба ҷойҳои дилхушӣ бурда, бо бачаҳои гуногун шинос мекарданд. Духтари зебою ҷавон, ки будам, мардони зиёде мисли магасҳои хуми асалро дида мудом дар атрофам пар-пар мезаданд. Аз он ки ин қадар ҷавонони зебою пулдор ба ман бо чашми харидорӣ менигаранд, хурсанд шуда, фахр мекардам. Ишқварзӣ ва ба Варзобу Норак тамошо рафтанро аз ҳама чиз боло дониста, дигар ба дарсҳо намерафтагӣ шудам. Хуллас, корам танҳо айшу ишрат буд, то он рӯзе, ки…
Вақте номусамро бохтам, ақлам ба сарам зад. Пушаймон шуда ба худ лаънат мехондам, ки чаро бо духтарҳои бероҳа дугона шуда аз кӯчаи одамгарӣ баромадам. Метарсидам, ки худо накарда овозаю қилиқҳои ман дар шаҳр ба деҳаамон расад, пӯстамро аз танам ҷудо мекунанд. Рӯзе бародарам занг зада маро маломат намуд, ки чаро ду ҳафта ба дарс нарафтаам. Худро ба нодонӣ зада гуфтам: «Рафта будам акаҷон, касе ба шумо дурӯғ гуфтааст.» Бародарам ҳайрон шуда гуфт: «Декани факултетатон ба ман занг зада буд. Наход, ки муаллим дурӯғ гӯяд?!»

Қариб монда буд, ки дилам аз тарс торс кафад. Акаамро бо сад дурӯғ бовар кунондам, ки шояд деканамон хато карда ба ӯ занг зада бошад. Минбаъд аз тарси бародарам ба донишгоҳ мерафтам, вале ҳанӯз ман аз дарс набаромада кавалерҳоям дар саҳни ҳавлӣ қатор мешуданд. Ҳарчанд кӯшиш мекардам, ки аз роҳи бад баргардам, намешуд. Шайтон васваса мекард, ки дунё гузарон аст, ҳанӯз, ки ҷавону зебою серхаридор ҳастӣ, давратро бирон, пагоҳ пир, ки шудӣ, тавба карда, аз сари ҷойнамоз намехезӣ. Ниҳоят омад ба сарам аз он чи метарсидам, бачаҳои ҳамдеҳаамон маро дар кадом дискотека масту махмур дида ноаён сурат гирифтаанду ба бародарам нишон додаанд. Хун ба сари акаам зада шабошаб аз Ғарм ба шаҳр меояд. Қасд кардагӣ барин, ҳамон шаб ба хобгоҳ наомада бо як ошиқам ба хонааш рафта будам. Як поси шаб бародарам занг зад. Гӯшакро бардоштам. Ҳанӯз лаб ба сухан накушода будам, ки борони дашному ҳақорат ба сарам борид.
«Ту обрӯи моро резондӣ, ба дастам афтӣ, саратро аз танат ҷудо мекунам, фоҳиша» гуфтани бародарамро шунида ҳуш аз сарам парид.
Телефонро кушта вазъиятро ба Достон фаҳмондам ва зорӣ намудам, ки ба хонаамон хостгор фиристода маро ба занӣ бигирад. Достон заҳрханда карда гуфт: «Ту худат мефаҳмӣ, ки чиҳо гуфта истодаӣ?! Кадом мард дидаю дониста духтари бе никоҳ ба оғӯшаш даромадаро ба занӣ мегирад?!» Ман девона нестам, ки пул сарф карда як фоҳишаро ба занӣ бигирам!» Ин суханони ошиқам болои захми сӯзони дилам намакоб гашт. Зор-зор гиристам, вале дигар суде набуд. Қариб як моҳ боз аз тарси акаам аз хона намебароям. Метарсам, ки мабодо дар ягон кӯча рӯ ба рӯ занем, бародарам маро мекушад. Хонандагони азиз, илтимос ба ман маслиҳат диҳед, чӣ кор кунам?
Зулолаи бадномзадаю пушаймон интизори маслиҳатҳои шумост!
подробнее тдж: https://oila.tj/news/yak-bor-ba-diskateyka-raftamu-dar-balo-mondam

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.