расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » Марзбони тоҷик бо 146 килограмм маводи мухаддир дар Данғара боздошт шуд

. / Ҷомеа

Марзбони тоҷик бо 146 килограмм маводи мухаддир дар Данғара боздошт шуд

Кормандони Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон як афсари нерӯҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти милии Тоҷикистонро бо гумони интиқоли 146 килограмм маводи мухаддир дар ҳудуди ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон боздошт кардаанд.
Амалиёти боздошти афсари марзбон рӯзи 18-уми декабр аз ҷониби кормандони Раёсати кофтукови ҷиноии Вазорати корҳои дохила ва маъмурони милисаи ноҳияи Данғара сурат гирифтааст.
Афсари боздоштшуда, ки ба хотири эҳтимолияти бегуноҳӣ аз ӯ А.Х. ном мебарем, 25 сол дошта, дар як қисми марзбонӣ дар ноҳияи Дарвоз кор мекардааст.
Як манбаъ аз Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон бо тасдиқи ин хабар 21-уми декабр ба Радиои Озодӣ гуфт, ки боздоштшуда рутбаи лейтенанти калон доштааст.
“Аз 146 килограмм маводи мухадир 101 килограммаш афюн ва 45 килограмми дигараш ҳашиш будааст. Ҳоло тафтишот идома дорад”,--гуфт манбаъ.
Назари пайвандон ва адвокати боздоштшуда, ки то куҷо ӯ дар интиқоли маводи мухаддир даст дорад, маълум нест. Бар асоси қонунҳои Тоҷикистон пас аз се рӯз нисбат ба боздоштшуда айб эълон мекунанд, вале бегуноҳӣ, ё гунаҳкор будани шахсро танҳо додгоҳ эътироф мекунад.
Тоҷикистон бо Афғонистон беш аз 1400 километр хатти марзи муштарак дорад. Мақомот мегӯянд, қочоқбарон аз нуқтаҳои заъфи марзӣ истифода бурда, маводи мухаддир интиқол медиҳанд. Ҳабибулло Воҳидзода, директори Оҷонсии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон дар як суҳбат ба хабаргузории "Ховар" гуфтааст, ки дар 11 моҳи соли 2020 аз қочоқбарон 2 тоннаю 236 кило маводи мухаддир мусодира кардаанд.
Дар гузашта низ исми кормандони мақомоти қудратӣ дар робита ба интиқоли қочоқи маводи мухаддир расонаӣ шуда буд.
Шерхон Салимзода, собиқ раҳбари Оҷонсии мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар нишасти матбуотие дар соли 2018 гуфта буд, ки "бархе кормандони мақомоти қудратӣ дар интиқоли маводи мухаддир даст доранд."
Ба қавли ӯ, чанд нафар аз кормандони мақомот, ки дар қочоқи маводи мухаддир даст доштанд, боздошт шудаанд, вале Салимзода шумораи боздоштшудаҳоро ба таври дақиқ зикр накард.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.