расонаи иттилии - Ориён » . » Иқтисодиёт » Коҳиши ҳаҷми савдо байни Тоҷикистону Ӯзбекистон бори аввал тайи 5 соли охир

. / Иқтисодиёт

Коҳиши ҳаҷми савдо байни Тоҷикистону Ӯзбекистон бори аввал тайи 5 соли охир

Ҳаҷми умумии савдои дуҷониба 7 моҳи соли ҷорӣ 148,4 млн долларро ташкил дод.

Пахтаи Тоҷикистон низ ба Ӯзбекистон интиқол дода мешавад
Сурат: Asia-Plus
Дар муқоиса бо 7 моҳи соли 2019 ҳаҷми муомилоти мол байни Тоҷикистону Ӯзбекистон дар моҳҳои январ-июли соли равон 11,3% кам шуд.

Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, ҳаҷми умумии муомилоти мол байни кишварҳо дар зарфи 7 моҳи соли ҷорӣ 148,4 млн долларро ташкил дод.
Дар ин давра Тоҷикистон ба Ӯзбекистон ба маблағи андаке бештар аз 35,1 млн доллар молу маҳсулот фиристода, ҳаҷми воридоти молу маҳсулот аз кишвари ҳамсоя ба Тоҷикистон ба 113,3 млн доллар баробар аст.
Соли гузашта аз рӯйи натиҷаҳои ҳамоиши тиҷоратии Тоҷикистону Ӯзбекистон дар Душанбе 16 санади ҳамкорӣ имзо шуд, ки дар онҳо содироти молу маҳсулот аз Тоҷикистон ба Ӯзбекистон ба маблағи 482 млн доллар ва аз Ӯзбекистон ба Тоҷикистон дар ҳаҷми 143 млн доллар пешбинӣ гардида буд.
Қобили зикр аст, ки тайи панҷ соли охир ҳаҷми муомилоти мол байни Тоҷикистону Ӯзбекистон қариб 3,6 баробар афзуд: аз 13 млн доллар аз рӯйи натиҷаҳои соли 2014 то ба 362 млн доллар дар соли 2019.
Тоҷикистон ба кишвари ҳамсоя алюминии аввалия, неруи барқ, нахи пахта, семент, пӯсти коркарднашуда, пилла, абрешияи хом, матоъи гуногун, нӯшокиҳои машруботӣ, қолин ва дигар маҳсулот мефурӯшад.
Ӯзбекистон ба Тоҷикистон гази табиӣ, маҳсулоти нассоҷӣ, нуриҳои минералӣ, пластмасса, пойафзол, маснуоти сафолӣ, фулузоти ранга, таҷҳизоти барқӣ ва механикӣ содирот мекунад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.