расонаи иттилии - Ориён » . » Варзиш » Бозиҳои рафиқонаи мунтахабҳои футболи Тоҷикистону Эрон дар Душанбе

. / Варзиш

Бозиҳои рафиқонаи мунтахабҳои футболи Тоҷикистону Эрон дар Душанбе

Дастаҳои мунтахаби наврасон ва ҷавонони Эрон тавассути хатсайри махсуси ҳавоӣ ба Душанбе меоянд

Аз 23 то 27-уми декабр дар Душанбе миёни дастаҳои  мунтахаби футболи наврасон (U-16)  ва ҷавонони (U-19)-и Тоҷикистон бо ҳамсолонашон аз Эрон бозиҳои рафиқона баргузор мешавад.
Бино ба иттилои Кумитаи миллии олимпӣ, ин бозиҳои рафиқона дар доираи омодагӣ ба чемпионатҳои Осиё, ки соли оянда баргузор мешаванд, доир мегардад.

Инчунин гуфта мешавад, ки дастаҳои мунтахаби наврасон ва ҷавонони Эрон тавассути хатсайри махсуси ҳавоӣ ҳафтаи оянда ба Душанбе меоянд.
«Рӯзҳои 23 ва 26 декабр дар Душанбе бозиҳои рафиқона миёни мунтахабҳои наврасони то 16-солаи Тоҷикистону Эрон сурат мегирад. Рӯзҳои 24 ва 27 декабр бошад, вохӯрии дӯстонаи тимҳои мунтахаби ҷавонони то 19-солаи ду кишвар доир мегардад», - қайд мешавад дар хабари Кумита.
Ёдрас мекунем, ки тимҳои мунтахаби наврасон ва ҷавонони Тоҷикистон соли оянда дар чемпионати Осиё, ки мутаносибан дар Баҳрайн ва Узбекистон баргузор мешаванд, иштирок мекунандд. Дар Чемпионат миёни наврасон дар Баҳрайн тими Тоҷикистон дар гурӯҳи “В” бо дастаҳои Уммон, Яман ва АМА бозӣ мекунад. Дастаи мунтахаби ҷавононамон бошад, дар Ӯзбекистон дар гурӯҳи «D» бо тимҳои Малайзия, Яман ва Қатар рақобат мекунад.

Бозиҳои рафиқона

23 декабр (чоршанбе) 
Оғоз – 14:00
ТОҶИКИСТОН (U-16) – Эрон (U-16)
24 декабр (панҷшанбе)
Оғоз – 14:00
ТОҶИКИСТОН (U-19) – Эрон (U-19)
26 декабр (шанбе)
Оғоз – 14:00
ТОҶИКИСТОН (U-16) – Эрон (U-16)
27 декабр (якшанбе)
Оғоз – 14:00
ТОҶИКИСТОН (U-19) – Эрон (U-19)
Ҳамаи бозиҳо дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ баргузор мешаванд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.