Ҳамсояҷанг дар Душанбе ба ҳабсу ҷаримаи ҷонибҳо анҷомид
Навори муноқиша дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуда, милитсия ба он расидагӣ кард.
Сурат: dushanbepolice.tjСокини кӯчаи Ҳисори шаҳри Душанбе Далер Каримзодаи 20-сола доимо бо ҳамсояҳои худ мноқишаи лафзӣ карда, онҳоро таҳқир ва шаъну эътиборашонро паст мезад.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, чанд рӯз қабл дар як қатор сомонаҳои иҷтимоии интернетӣ наворе нашр гардид, ки дар он муноқиша ва суханони қабеҳу гушношуниди як нафар ҷавонзан ва муноқишаи ӯ бо як нафар ҷавонписар инъикос ёфтаааст.
“Чанде пеш Далер Каримзода Карим бори навбатӣ бо ҳамсоягони худ муноқиша намуда, нисбаташон суханони қабеҳ мегӯяд, ки дар натиҷа ҳамсояҳои ӯ - духтару модар ба сари ӯ омада мардро мавриди таҳқиру дашном қарор додаанд”, - омадааст дар хабари Раёсат.
Гуфта мешавад, Далер Каримзода барои майдаавбошӣ ба 5 рӯзи ҳабси маъмурӣ маҳкум шуда, “ҳарифон”-и ӯ - модару духтар мутаносибан ба маблағи 580 ва 456 сомонӣ ҷарима шуданд.