расонаи иттилии - Ориён » . » Сиёсат » Ордени Ситораи Президент ба Маҳмадсаид Убайдуллоев

. / Сиёсат

Ордени Ситораи Президент ба Маҳмадсаид Убайдуллоев

Инчунин 70 нафар намояндагони касбу кори гуногун бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардиданд.

Сурат: хадамоти матбуоти президенти ҶТ
Имрӯз, 28-уми август Эмомалӣ Раҳмон 70 нафар корманди соҳаи илму фарҳанг, тандурустӣ, истеҳсоли мол ва хизматрасониҳо, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, дигар хизматчиёни давлатӣ ва соҳибкоронро бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонид.
Ба иттилои хадамоти матбуоти президент, бо фармони президент собиқ Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ва собиқ раиси пойтахт Маҳмадсаид Убайдуллоев бо  ордени Ситораи Президенти Тоҷикистон дараҷаи I қадрдонӣ карда шуд.
Гуфта мешавад, ки дар миёни сарфарозшудагон бо мукофотҳои давлатӣ мутахассисони касбу кори гуногун, аз ҷумла адибон, омӯзгорон, табибон, аҳли фарҳангу санъат, кишоварзон, коргарону сохтмончиён ва соҳибкорон буданд.
Инчунин дар маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ барои саҳми арзанда дар рушди илму фарҳанги мамлакат, ҳифзи саломатии аҳолӣ, фаъолияти самаранок дар хизмати давлатӣ ва дастовардҳои баланди истеҳсолию соҳиборӣ 1 нафар ба унвони фахрии Нависандаи халқии Тоҷикистон, 3 нафар унвони фахрии Шоири халқии Тоҷикистон, 1 нафар унвони фахрии Ҳунарманди халқии Тоҷикистон, 1 нафар унвони фахрии “Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон”, 2 нафар унвони фахрии “Корманди шоистаи Тоҷикистон”, 1 нафар бо ордени “Шараф” дараҷаи II, 36 нафар бо медали “Хизмати шоиста” ва 3 нафар бо Ифтихорномаи Тоҷикистон сарфароз гардиданд.
Сурат: хадамоти матбуоти президенти ҶТ
Бори аввал дар таърихи соҳибистиқлолии кишвар бо фармони президенти мамлакат ба хотири қадршиносии омӯзгорони беҳтарин мукофоти махсуси давлатӣ таъсис дода шуда, ба 5 нафар бо Ҷоизаи Президенти Тоҷикистон дар соҳаи маориф тақдим шуд.
Ҳамзамон 3 нафар бо Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи илм ва техника дар соли 2020 ва 12 нафар бо Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ дар соли 2020 қадрдонӣ шуданд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

  • Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

    забонҳо

    Маъмурияти сомона:

    Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.