Суғд: ҳалокати 12 нафар дар садамаҳои нақлиётӣ


Аз 10 то 20 феврали соли 2017 дар ҳудуди роҳҳои миқёси вилояти Суғд

амалиёти «Пиёдагард» ва «Тартибот» ҷараён мегирад. Ҳадафи он таъмини бехатарии ҳаракат, пешгирии садамаҳои нохуши нақлиётӣ ва ошкорнамоии қоидавайронкунии ҳаракат дар роҳҳо тибқи нақшаи тадбирҳои асосии шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии Раёсати ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд мебошад. Тавре аз раёсати БДА-и вилоят иттилоъ доданд, дар давоми 1 моҳу 10 рӯзи сипаригаштаи соли равон дар роҳҳои нақлиётгарди вилояти Суғд аз тарафи ронандагони воситаҳои нақлиёт 34 садамаи нақлиётӣ ба қайд гирифта шудааст, ки бар асари он 12 нафар ҳалок гардида, 39 нафар ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардоштанд. Сабаби асосии ҳодисаҳои роҳу нақлиётӣ- ин аз як тараф беаҳамиятӣ ва риоя накардани коидаҳои бехатарии роҳ дар роҳҳои мошингарди вилоят аз ҷониби ронандагону пиёдагардон бошад, омили дигар аз меъёри муқарраршуда зиёд гирифтани мусофирон аз ҷониби ронандагон мебошад. 

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон