расонаи иттилии - Ориён » . » Иқтисодиёт » Тухм дар Тоҷикистон қимат шуд, чунки хӯрока барои мурғон камёфт аст

. / Иқтисодиёт

Тухм дар Тоҷикистон қимат шуд, чунки хӯрока барои мурғон камёфт аст

Дар деҳот аз мурғпарварӣ даст кашида, сокинон онро аз маҳаллаҳои аҳолинишини калонтар ва шаҳрҳо мехаранд.

Акси марбута
Сурат: аз торнамои biotech2030.ru
Тайи моҳи ахир тухми мурғ дар Тоҷикистон ба андозаи назаррас қимат шуд. Хадамоти зиддиинҳисорӣ сабаби онро ба таъсири манфии омилҳои беруна нисбат медиҳад. Коршиносон қисман ба ин назар розианд, лекин ба сабабҳои дохилӣ низ ишора мекунанд.
Имсол дар Тоҷикистон зиёда аз 800 млн дона тухми мурғ истеҳсол шуда, ин миқдор ҳам барои пурра қонеъ намудани талаботи аҳолӣ ба он кофӣ нест.
Мувофиқи меъёрҳои тавсияшудаи истеъмоли тухм дар як сол, барои Тоҷикистон солона тақрибан 1,6 млрд дона тухми мурғ лозим аст.
Дар ростои гароншавии дигар маҳсулот, нархи тухм низ боло рафт. Имрӯз дар Душанбе 10 дона тухм 12 сомонӣ нарх дорад ва ин ҳам дар ҳолест, ки моҳи октябри соли гузашта нархи он ба 8 сомониву 60 дирам баробар буд.
Истеҳсолкунандагон мегӯянд, сабаби гароншавии тухм ба афзоиши арзиши аслии он вобаста аст, зеро 80%-и арзиши аслии он ба харидории хӯрока ба мурғон рост меояд. Шумори корхонаҳои мургғпарварӣ дар Тоҷикистон афзуда, лекин қариб корхонае нест, ки ба истеҳсоли хӯрока барои мурғон машғул бошад.
Тибқи маълумоти Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ, соли 2019 дар Тоҷикистон ҳамагӣ 300 тонна хӯрокаи паранда истеҳсол шуда, зиёда аз 85 ҳазор тонна комбикорм аз дигар кишварҳо оварда шудааст.

Корхонаҳое, ки худашон хӯрока тайёр мекунанд, ҳамаи ашёи хоми истеҳсоли онро аз хориҷа ворид мекунанд. Нархҳо ба ашёи хом мунтазам боло мераванд.
Ғайр аз ин, истеҳсолкунандагон як ҷузъи ашёи хомро дар Ӯзбекистону Русия ва таркиби дигарашро дар Қазоқистону Австрия мехаранд.
Воридоти хӯрокаву таркибҳо барои тайёр кардани он дар дохили кишвар душвор аст, зеро бонкҳо асъори маҳаллиро мубодила накарда, соҳибкорон бошанд, доллар надоранд.
Дар ин масъала бархе аз коршиносон ба хонаводаҳи деҳот таваҷҷуҳ зоҳир намуда, мегӯянд, бо сабаби камёфт ва гарон будани хӯрока, аҳолии деҳот аз мурғпарварӣ даст мекашанд.
Барои харидани тухм имрӯз аҳолии аксари деҳаҳо ба шаҳрҳо мераванд, ки ин дар навбати худ, талабот ба ин маҳсулотро зиёд мекунад.
Ба ақидаи Абдуҷаббор Раҳимзода, фермер аз ноҳия Рӯдакӣ, ҳукуматро лозим аст, ки натанҳо дар самти кушодани корхонаҳои нави мурғпарварӣ, балки ифтитоҳи корхонаҳои истеҳсоли хӯрокаи паранда низ тадбирҳо андешида, барои аҳолии деҳот шароити мусоид фароҳам оварад, то ки аҳолии деҳот ҳарчи бештар ба мурғпарварӣ ҳавасманд бошанд.
Як корманди хадамоти гумрук изҳор дошт, ки айни замон аз Тоҷикистон ба хориҷи кишвар тухми мурғ содирот намешавад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.