расонаи иттилии - Ориён » . » Ҳаводис » Боздошту ҳабси сокини Душанбе барои дашному таҳқири модари пираш

. / Ҳаводис

Боздошту ҳабси сокини Душанбе барои дашному таҳқири модари пираш

Раёсати Вазорати корҳои дохила дар шаҳри Душанбе аз боздошти як марди 36 сола хабар медиҳад, ки модари пиронсолашро ҳақорату дашномҳои қабеҳ кардааст.
Тибқи иттилои дафтари матбуотии ин ниҳод, Қараев Аҳмад Пулодович истиқоматкунандаи ш. Душанбе, кӯчаи Ф. Муҳаммадиев дар ҳолати мастӣ дар назди манзили истиқотиашон бо модари пиронсоли худ муноқиша ва нисбаташ беэҳтиромӣ зоҳир намуда, ӯро мавриди дашному ҳақоратҳои қабеҳ қарор додаст.
“Ин амали ӯ мавриди вокуниши шаҳрвандон ва истиқоматкунандагони бинои мазкур қарор гирифта, ҷиҳати андешидени чораҳои дахлдори қонунӣ ба кормандони милитсия муроҷиат намудаанд”,-афзудааст манбаъ.
Манбаъ мегӯяд, боздоштшуда ба ҷойи эҳтиром ба майнӯшӣ машғул шудаву модари муштипари худро дар назди ҳамсоягону дигар шаҳрвандон мавриди дашному ҳақорат қарор дода, шаъну шарафашро дар назди атрофиён паст задааст.
Ҳукми уламо ба марде, ки рӯза медошту зану фарзандонашро дашном дода, мезад
Гуфта мешавад, бо назардошти ҳолатҳои мазкур нисбати шаҳрванд Қараев Аҳмад Пулодович парвандаи маъмурӣ бо моддаи 460 (Майдаавбошӣ) Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикстон тартиб дода шуда, бо қарори Суд нисбаташ ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 10-шабонарӯз таъин карда шуд.

Read more: https://sputnik-tj.com/incidents/20200828/1031806953/Bozdoshtu-absi-sokini-Dushanbe-baroi-dashnomu-tairi-modari-pirash.html

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.