ИМА дар фазои Сурия пеши роҳи як ҳавопаймои эрониро гирифтааст

Ҷангандаи F-15 Eagle-и амрикоӣ
Ҷангандаи F-15 Eagle-и амрикоӣ

Низомиёни амрикоӣ гуфтанд, рӯзи 23 июл пеши роҳи як ҳавопаймои мусофирбари эрониро бар фарози Сурия гирифтанд ва ин дар ҳоле буд, ки матбуоти эронӣ хабар дод, ки ба ҳангоми як маневри маҷбурӣ ба хотири пешгирӣ аз ҳар тасодум, мусофирони ҳавопаймо маҷрӯҳ шуданд. Фармондеҳии марказии Амрико, ки амалиёти ИМА дар Ховари Миёнаро назорат мекунад, гуфт, ҳавопаймои ҷангии F-15 дар фазои наздикии Аттанфи Сурия “як назорати визуалии маъмулиро аз пушти ҳавопаймои мусофирбари Mahan Air дар масофаи амни тахминан 1 ҳазор метр анҷом дод”. Низомиёни амрикоӣ дар Аттанф дар наздикии марз бо Урдун ва Ироқ як пойгоҳи хурде доранд. Билл Урбан, сухангӯи фармондеҳии марказии Амрико гуфт, ки назорат аз ҳавопаймо ба хотири риояи амнияти низомиёни гарнизони Аттанф карда шуд. Ӯ гуфт, “ҳамон лаҳза, ки пилоти F-15 ҳавопаймои мусофирбари Mahan Air-ро шинохт, F-15 аз роҳи бехатар аз ҳавопаймо фосила гирифт”.

Ин изҳорот дар ҳоле нашр шуд, ки телевизиони давлатии IRIB-и Эрон гузориш дод, ки ду ҳавопаймои ҷангии исроилӣ пеши роҳи ҳавопаймои хатсайти Теҳрон-Бейрутро гирифтанд. Дар як видеои ғайрикасбӣ, ки дурустии онро тасдиқ карда намешавад, ин телевизион чеҳраи мусофиронеро намоиш додааст, ки аз тарс дод мезаданд. Дар гузориши ин телевизион гуфта шуд, ки бархе мусофирон маҷрӯҳ шудаанд.

Раиси фурудгоҳи Бейрут Фадӣ Ал-Ҳасан ба як телевизиони Лубнон гуфт, ки ҳавопаймои эронӣ шом дар фурудгоҳи пойтахти Лубнон поин омад. “Ҳамаи мусофирон хуб ҳастанд, вале чанд нафарашон ҷароҳатҳои сабук бардоштанд... аксари онҳо дар ҳолати шок ва тарс буданд, гуфт Ал-Ҳасан.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон