Дар Белград қарори бозгардони карантин боиси эътироз шуд

7 июл, маркази шаҳри Белград
7 июл, маркази шаҳри Белград

Рӯзи 7 июл дар маркази пойтахти Сербия шаҳри Белград мардуми норозӣ аз дубора ҷорӣ шудани карантин дар паи афзоиши ҳолатҳои олудагӣ ба коронавирус даст ба эътироз заданд. Ин мардум аз қарори президент Александр Вучич изҳори норозигӣ карданд, ки дубора меъёрҳои маҳдудкунандаи иҷтимоиро дар масъалаи ҷамъомад ва ҳаракат дар рӯзҳои истироҳатро ҷорӣ кард. Издиҳоми мардум бо полис вориди даргирӣ шуд ва талош кард ба бинои парлумон ворид шавад. Дар посух полис бо истифода аз гази ашковар издиҳомро пароканда намуд. Дар ин намоиши эътирозӣ беш аз як ҳазор нафар иштирок кард. Президент Вучич мегӯяд, аз вазъи пандемия нигарон аст ва беморхонаҳои шаҳри Белград пур аз беморон мебошанд. Бархе эътирозгарон ҳукуматро барои бархӯрди нодуруст дар қиболи пандемия интиқод ва аз Вучич талаб карданд, ки ба истеъфо равад. Нахуствазир Ана Брнбабич кори эътирозгаронро интиқод кард ва гуфт, ки чунин бархӯрд дар ҳолате, ки кишвар бо зарбаи сангинтарини пандемия дастбагиребон аст, дуруст нест. Вучич дар нишасти матбуотии рӯзи 7 июл гуфт, ки шурӯъ аз 8 июл бар асоси маҳдудиятҳои нав, ҷамъомади беш аз 5 нафар иҷозат намешавад ва дар рӯзҳои истироҳат дар кишвар қуюди шабгардӣ ҷорӣ хоҳад шуд.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон