Дар Ҳонгконг дафтари кории сохторҳои иттилооти Чин ифтитоҳ шуд

Вакилони ҷонибдори демократия дар ҷаласаи маҷлиси Ҳонгконг аз қонуни нави амният эътироз мекунанд. 7 июл, Ҳонгконг
Вакилони ҷонибдори демократия дар ҷаласаи маҷлиси Ҳонгконг аз қонуни нави амният эътироз мекунанд. 7 июл, Ҳонгконг

Барои нахустин бор дар Ҳонгконг дар чаҳорчӯби қонуни баҳсбарангези амниятӣ ба таври ошкор дафтари кории сохторҳои иттилооти Чин ба кор шурӯъ карданд. Ба бовари мунаққидон қонуни нав вазъи амниятии ин минтақаи озоди молиро зери назорат мегирад. Рӯзи 8 июл дар як меҳмонхонаи Ҳонгконг маросими ифтитоҳи Дафтари таъмини амнияти миллии Чин баргузор шуд. Дафтари муваққатии ин идора дар назди боғи Викторияи маркази шаҳри Ҳонгконг ба кор шурӯъ кард, ки макони раҳпаймоиҳои эътирозии нирӯҳои демократии маҳаллӣ мебошад. Қонуни баҳсбарангези амнияти миллӣ, ки моҳи июн қабул шуд, ҷомеаи ҷаҳониро нигарон кардааст, чун ин қонун озодиҳои аз ҷониби Пекин ба Ҳонгконг дар соли 1997 додашуда ба ин минтақаи озоди молиро таҳти зарба қарор медиҳад. Мақомоти чинӣ ҳамакнун мегӯянд, ки қонуни нав барои амалҳои террористӣ ва ҳамкорӣ бо нирӯҳои хориҷӣ муҷозоти ҳабси якумраро пешбинӣ мекунад. Дафтари иттилооти тоза таъсисшуда парвандаи гумонбаронеро, ки ин қонунро нақз кардаанд, таҳқиқ хоҳад кард.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон