Русияву Чин тамдиди рисолати СММ барои кӯмак ба Сурияро вето карданд

Сафири Русия дар СММ Василий Небензя
Сафири Русия дар СММ Василий Небензя

Русияву Чин қатъномаи Шӯрои амнияти СММ-ро дар бораи таъсиси ду гузаргоҳи башарӣ дар марзи Туркияву Сурия барои давоми як соли оянда интиқол додани кӯмакҳоро вето карданд. Марк Ловкок, раиси бахши ёриҳои башарии СММ гуфт, ки ин ду гузаргоҳ барои миллионҳо сокинони мулкӣ, ки ба ёриҳои СММ дастрасӣ надоранд, ҳаётан муҳим ҳастанд. Дар овоздиҳии шоми 7 июл қатънома бо 13 раъйи тарафдору ду мухолиф анҷомид. Дафъатан баъди ин Русия – шарики наздиктарини Сурия матни қатъномаи наверо пешкаш намуд, ки ба интиқоли ёриҳои башарӣ танҳо тавассути як гузаргоҳи марзии Туркия дар давоми шаш моҳи оянда пешбинӣ мекунад. Ин пешниҳод интиқоли кӯмакҳоро танҳо таҳти назорати режими Сурия дар назар дорад ва гузаргоҳи Бобуссаломро сарфи назар мекунад. Сафири Русия дар СММ Василий Небензя дар суханрониаш гуфт, ки агар қатъномаи пешниҳодии Русия қабул шавад, интиқоли борҳо идома меёбад. Натиҷаи овоздиҳӣ барои ин матни қатънома рӯзи 8 июл маълум мешавад. Интиқоли кӯмаки башарӣ бидуни дахолати Димишқ аз соли 2014 ба ин сӯ идома дорад ва ҳар дафъа тамдид мешавад. Мӯҳлати кунунии он 10 июл анҷом мешавад.

назари худро нависед
  • Cecile
  • 09-07-2020, 18:51
  • : 18:51
    • Маҳкул
    • 0
viagra without a doctor prescription http://pharmexpresstore.com - generic viagra
price
viagra buy
viagra online viagra pills women viagra pills
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон