Фиристодаи ИМА дар Сеул гуфт, дар фикри сафар ба Кореяи Шимолӣ нест

8 июл. Стефан Биган, муовини котиби давлатии ИМА дар нишасти матбуотии Сеул
8 июл. Стефан Биган, муовини котиби давлатии ИМА дар нишасти матбуотии Сеул

Як дипломати амрикоӣ, ки бо сафаре дар Сеул қарор дорад, рӯзи 8 июл овозаҳоро дар бораи ин ки ӯ эҳтимолан дар фикри мулоқот бо мақомоти Кореяи Шимолӣ аст, рад кард. Стефан Биган, муовини котиби давлатии ИМА, ки ба ҳайси фиристодаи Вашингтон дар умури Кореяи Шимолӣ хидмат мекунад, рӯзи 8 июл дар Сеул гуфт:

“Ман бархе навиштаҳои матбуотро дидам, ки гӯё дар ин сафар Кореяи Шимолӣ барои мулоқот бо ман омода нест. Ин аҷиб аст, чунки мо ба Кореяи Шимолӣ ҳеҷ дархосте дар бораи мулоқот надодем. Иҷоза бидиҳед, хеле рӯшан бигӯям, ки мо чунин дархости мулоқоте надодаем. Ин мулоқот дар ҳамин ҳафта барои мулоқот бо дӯстони наздику шарикони мо – Коряи Ҷанубӣ аст. Мо баррасиҳои олие доштем”.

Биган ин суханҳоро баъди он баён кард, ки дар Сеул бо Кан Гё Хва, вазири умури хориҷии Кореяи Ҷанубӣ ва муовини вазиру раҳбари ҳайати музокироти ҳастаии Корея дидору гуфтугӯ анҷом дод. Сафари дипломати амрикоӣ ба Сеул овозаҳо дар бораи эҳтимоли азсаргирии музокироти ҳастаӣ бо Кореяи Шимолиро эҷод кард. Дар ҳоле, ки ӯ эҳтимоли барпо шудани мулоқоти навро рад кард, гуфт, ки дар сурати дарёфти чунин пешниҳод, омода аст дар ҳар лаҳза музокиротро аз сар бигирад. Ӯ гуфт, ки президент Доналд Трамп идомаи ин талошҳоро пурра ҷонибдорӣ мекунад. “Садои Амрико” хабар дод, ки президент Доналд Трамп рӯзи 7 июл гуфт, ки барои мулоқоти навбатӣ бо раҳбари Кореяи Шимолӣ Ким Чен Ун омода аст. Ин дар ҳолест, ки баъди мулоқоти авваоли ду раҳбар дар барномаҳои ҳастаии Кореяи Шимолӣ тағйроте мушоҳида намешавад.


назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон