Посухи мақоми чинӣ ба даъватҳои ҳамроҳ шудан ба созиши силоҳҳои ИМА ва Русия

Фу Конг, сардори раёсати назорати силоҳҳои вазорати хориҷии Чин
Фу Конг, сардори раёсати назорати силоҳҳои вазорати хориҷии Чин

Як мақоми баландпояи ВКХ Чин ИМА-ро дар он муттаҳам кард, ки ба Пекин барои ҳамроҳшавӣ ба созиши силоҳҳо бо Русия фишор оварда дар асл мехоҳад аз ин қарордод бо Маскав берун шавад. Зимни сӯҳбат бо журналистон дар Пекин рӯзи 8 июл Фу Конг, сардори раёсати назорати силоҳҳои вазорати хориҷии Чин гуфт, ки Пекин ҳоло дар фикри ҳамроҳ шудан ба созиши таслеҳотии ИМА ва Русия зери унвони New START намебошад. Моҳи июн фиристодаҳои ИМА ва Русия дар Вена санади ҷойгузинкунандаи созиши силоҳҳоро баррасӣ карданд, ки шумори кулоҳакҳои стратегии ҳастаии ҳар кишварро дар ҳудуди 1550 адад маҳдуд мекунад. Ин созиш то моҳи феврали соли оянда амал мекунад. Вашингтон хостори ин аст, ки Пекин ба ҳама созишҳои оянда дар заминаи силоҳҳои ҳастаӣ ҳамроҳ шавад, вале Чин ин даъватҳоро рад кардааст. Чин мегӯяд, ки захираҳои силоҳҳояш аз он чи ки ИМА ва Русия доранд, камтар мебошад. Фу гуфт, ки даъваҳои ИМА “як баҳона” ва ҳадафаш ҳам “ҳушро ба ҷои дигар бурдан” аст. “Ман шуморо бовар мекунонам, ки агар ИМА бигӯяд, ки то сатҳи Чин поин мешавад, Чин рӯзи дигараш барои ширкат омода мешавад”. Фу гуфт, “мо медонем, ки ҳеҷ гоҳ чунин намешавад”. Изҳороти Фу дар ҳоле садо дод, ки равобити Вашингтону Пекин бо далели мушкилоти марбут ба тиҷорат, пандемияи коронавирус ва масоили ҳуқуқи башар дар Чин пуртаниш боқӣ мемонад.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон