Парлумони Чин қонуни амнияти Ҳонгконгро қабул кард

Раҳбари Чин Сӣ Ҷинпин охири моҳи май ба тарафдории таҳияи тарҳи қонуни нави амният дар Ҳонгконг овоз дода буд
Раҳбари Чин Сӣ Ҷинпин охири моҳи май ба тарафдории таҳияи тарҳи қонуни нави амният дар Ҳонгконг овоз дода буд

Маҷлиси қонунгузори Чин бо раъйи оро қонуни амнияти миллӣ дар Ҳонгконгро қабул кард, ки ба бовари мунаққидон, вазъи ҳуқуқи башар дар ин минтақаи нимамухторро таҳти зарба қарор медиҳад. Дар бораи қабули қонун дар рӯзи 30 июн дар Кумитаи доимии маҷлиси мардумии Чин ҳизби калонтарини рӯ ба Пекини Ҳонгконг – DAB хабар дод. Қонуни нави амниятӣ мавриди интиқоди ҳукуматҳои ғарбӣ ва мояи эътирозҳои мардум дар Ҳонгконг шуд, ки мегӯянд, паёмади сангинаш саркӯбҳои бештари сиёсӣ мешавад. Мухолифони қабули қонуни нав мегӯянд, ки он ба тиҷорату соҳибкорӣ ва озодиҳои сиёсӣ таъсир мерасонад. Пекин қонуни навро дар посух ба эътирозҳои демократии соли гузаштаи Ҳонгконг қабул кард ва гуфт, ки дар минтақа бояд суботу амният барқарор шавад. Қонуни нав барои ҷудоӣ, сарнагун кардани ҳокимияти давлатӣ ва тавтеа бо кӯмаки қувваҳои хориҷиро муҷозоти ҷиноӣ пешбинӣ мекунад. Раҳбари Гонконг Кэрри Лам аз шарҳи ин қонун худдорӣ кард ва ба хабарнигорон гуфт, ки шарҳ додани ин қонун аз ҷониби ӯ дуруст нест.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон