Дар ҳамла ба бозоре дар Афғонистон 23 кас ҷон дод

3 марти соли 2020. Назорати амниятии нирӯҳои ҳукуматӣ дар Ҳилманд
3 марти соли 2020. Назорати амниятии нирӯҳои ҳукуматӣ дар Ҳилманд

Дар паи таркиши хумпорае дар бозори воқеъ дар ҷануби Афғонистон рӯзи 29 июн дастикам 23 нафар кушта ва даҳҳо тан маҷрӯҳ шуд. Сухангӯи волии Ҳилманд гуфт, ҳамла дар молбозор рух дод ва дар миёни қурбониҳо кӯдакон ҳам мебошанд. Сухангӯ масъулияти ҳамларо ба дӯши Толибон вогузор кард, дар ҳоле, ки ин гурӯҳ дафъатан ҳукуматро гунаҳгор намуд.

Дар ҳоле, ки давоми ҷашнгирии Иди фитр гурӯҳи шӯришӣ оташбасро риоя кардааст, ба қавли мақомот ҳафтаҳои охир ҳамлаҳои пурхушунати Толибон афзоиш меёбад. Дар вилояти Ҳилманд рӯзи 28 июн ҳам дар паи таркиши бомбаи сарироҳӣ дастикам шаш мулкӣ кушта ва ду тани дигар захмӣ шуданд.

Толибон ва ҳукумати Афғонистон қарор аст музокираи дуҷонибаи батаъхирафтодаро шурӯъ кунанд, ки ҳадафаш хатми ҷанги 19-солаи Афғонистон аст.


назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон