Сокинони Чимкент дар эътироз ба табдили мактаб ба бемористон роҳро бастанд

анд

Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Даҳҳо сокини шаҳраке дар шаҳри Чимкенти Қазоқистон дар эътироз ба табдили мактаби навсохт ба маркази муваққатии табобатӣ роҳи мошингардро бастанд.

Сокинон рӯзи 28 июн гуфтанд, ки таъсиси муассисаи тиббӣ дар наздикии манзилҳои зист хатарнок аст. Онҳо гуфтанд, ки табобати гирифторони коронавирус дар ин муассиса мумкин аст, сокинони маҳаллиро мубтало кунад.

Сокинон роҳро бастанд ва монеаи вуруди беморон ба бинои мактаби навсохт шуданд. Намояндаи мақомоти маҳаллӣ гуфт, ки бастани роҳ хилофи қонун аст. Мақомот аз сокинон хостанд, ки пароканда шаванд.

Вазъи эпидемиологӣ дар Чимкент вазнин арзёбӣ мешавад. Ҳокими шаҳри Чимкент рӯзи 26 июн гуфт, ки дар шаҳр муассисаҳои иловагии тиббӣ боз хоҳанд кард.

Ба иттилои расмӣ, дар Чимкент 2 856 ҳолати гирифторӣ ва 14 ҳолати марг аз вируси корона сабт шудааст.

назари худро нависед
  • Gino
  • 29-06-2020, 10:18
  • : 10:18
    • Маҳкул
    • 0
buy levitra singapore levitra reviews levitra 20 mg 30
comprimidos
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон