Аз мақомоти ИМА даъват шуд, озодии журналистонро дар бозтоби эътирозҳо таъмин намоянд

Тазоҳурот ва хушунат дар Ню Йорк
Тазоҳурот ва хушунат дар Ню Йорк

Кумитаи ҳимояи рӯзноманигорон (CPJ) аз мақомоти ИМА даъват кард, "таъқиби журналистон ва кормандони расонаҳоро, ки аз тазоҳурот гузориш медиҳанд, қатъ ва онҳоро аз иҷрои талаботи қуюди шабгарди озод кунанд.

Ин ниҳод гуфтааст, аз 29 май инҷониб ба камияш 125 мавриди "нақзи озодии матбуот"-ро дар Иёлоти Муттаҳида ба қайд гирифтааст, ки ҳангоми кори рӯзноманигорон барои бозтоби эътирозҳо аз марги Ҷорҷ Флойд, марди сиёҳпуст рух додаанд. Флойд дар ҳодисаи боздошт шуданаш аз тарафи кормандони пулис ба ҳалокат расида, гунаҳкори қазияи ҳабс шудааст.

"Мо аз зӯроварии давомдор ва гоҳе хушунатомези пулис нисбати рӯзноманигороне, ки ба иҷрои вазифаҳои худ машғуланд, ба ваҳшат омадем," - гуфт мудири барномаи CPJ Карлос Мартинес де ла Серна.

CPJ ду хабарнигорро намуна овард, ки гуфта мешавад, рӯзи 29 май ҳангоми кор дар Лас Вегас (Невада) "Барои иҷро накардани фармони парокандашавӣ" боздошт шудаанд. Онҳо пас аз эълони ҷурм рӯзи дигар озод гаштаанд. Кумита гуфт, даҳҳо журналист ҳангоми кор ҳадафи тирҳои резинӣ ва гази ашковар қарор гирифтаанд.

Дар ҳамин ҳол, намояндаи Созмони Амнияту Ҳамкорӣ дар Аврупо дар умури озодии матбуот Ҳарлем Дезир аз "мавҷи хушунат"-и полис ва тазоҳургарон зидди журналистон нигаронии амиқ изҳор кард. Вай мақомоти Амрикоро ба хештандорӣ даъват кард ва хост кафолат диҳанд, ки рӯзноманигорон дар фазои амн кор кунанд, зеро гуфт ӯ "нақши матбуоти озод бояд дар ҳама гуна ҳолатҳо ҳимоят шавад ва журналистон бояд озодона гузориш диҳанд, бе рӯбарӯ шудан ба зӯроварӣ, ҳабс ё тарсондан."

Дар баъзе аз шаҳрҳо ва аёлотҳо вазъи фавқулода ва қуюди шабгардӣ эълон шудааст, то аз густариши ошӯбҳо пешгирӣ ба амал офад, аммо на дар ҳама ҷо хабарнигорон аз ин фармонҳо истисно шудаанд.

Мартинес де ла Серна аз мақомоти маҳаллӣ ва аёлатҳо даъват кард, то рӯзноманигорон ба таври возеҳ ва махсус аз қоидаҳои комендантӣ озод бошанд, то тавонанд, ки аз воқеаҳо озодона гузориш диҳанд.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон