Аёз Ниёзӣ дар таркише дар Афғонистон кушта шуд

Аёз Ниёзӣ
Аёз Ниёзӣ

Мавлавӣ Аёз Ниёзӣ, хатиби масҷиди Вазир Муҳаммад Акбархон ва яке аз уламои саршиноси Афғонистон, кушта шуд.

Вазорати корҳои дохилии Афғонистон гуфт, Ниёзӣ дар таркиши шоми 2-юми июн бар асари ҷароҳате, ки бардошт, ҷон бохт. Таркиш дар масҷиди Вазир Муҳаммад Акбархон рух дод.

Раёсати ҷумҳури Афғонистон бо судури эъломия таркиш дар масҷидро маҳкум кард. Дар эъломия ба нақл аз раиси ҷумҳур Ашраф Ғанӣ гуфта шудааст: "Ҳамлаҳои террористӣ бар масоҷиду шифохонаҳо ва афроди мулкӣ ҷинояти ҷангӣ аст".

Толибон даст доштани худро дар ин ҳамла рад мекунанд. Масъулияти ҳамларо то ҳанӯз гуруҳи дигаре ба уҳда нагирифтааст.

Шаҳри Кобул дар ин авохир шоҳиди афзоиш ёфтани таркишҳо будааст. Дар яке аз ин инфиҷорҳо дар ҳафтаи гузашта мошини кормандони телевизиони хусусии "Хуршед" ҳадаф қарор гирифт. Дар он ҳодиса ду нафар кушта, шаш каси дигар захмӣ шуданд. Масъулияти ҳамларо гуруҳи тундрави "Давлати исломӣ" ё ДОИШ ба дӯш гирифт.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон