Эътироз аз марги марди сиёҳпӯст боиси беназмиҳои бештар дар ИМА шуд

31 май, дар назди Кохи Сафед
31 май, дар назди Кохи Сафед

Баъди марги марди сиёҳпӯсти бесилоҳ ҳангоми боздошташ аз ҷониби полис дар шаҳри Миннеаполиси аёлати Миннесота, эътирозҳо дар заминаи нобаробарии нажодӣ боло ва чандин шаҳри ИМА-ро фаро гирифт.

Дар муқобили Кохи Сафед дар Вашингтон дар боғи Лафайет аз субҳи 31 май мардум таҷаммӯъ ва эътироз мекунанд. Дар шиори эътирозгарон матнҳои мисли “ҳаёти сиёҳпӯстон муҳим аст”, “тир холӣ накунед” ва “бидуни адолат сулҳ намешавад” навишта шудааст.

Бархе эътирозгарон ба сӯи афсарони дар беруни Кохи сафед истода зарфҳои пластикӣ партофтанд. Баъди фарорасии шаб, вақте дасти кам ду ҳолати сӯхтор дар дохил ваё назди боғ мушоҳида шуд, полис аз гази ашковар ва норинҷакҳои нурзо (норинҷакҳое бо садои баланд) истифода кард, то ки мардум пароканда шавад.

Дар шаҳри Ню-Йорк ҳадди аққал як мошин оташ зада шуд ва ҳазорҳо нафар аз кӯчаву хиёбонҳо раҳпаймоӣ карда дар қароргоҳи полис дар минтақаи Таймс Сквер ба ҳамраъйии афроди аз ҷониби полис кушташуда лаҳзае сукут карданд.
Президент Доналд Трамп дар Твиттер навишт, ки гурӯҳи “Антифа”-ро, ки ҳамчун як ташаккули чапгаро қаламдод мешавад, созмони террористӣ эътироф мекунад. Бархе мақомоти федеролии ИМА ба ин бовар ҳастанд, ки ҳамин созмон дар пушти эътирозҳову бенизомиҳои ҷамъиятӣ қарор дорад.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон