Дар Афғонистон 710 зиндонии дигари Толибро озод карданд

900 Толибро рӯзи 26-уми май озод карданд.
900 Толибро рӯзи 26-уми май озод карданд.

Дар остонаи музокироти сулҳ барои поён додан ба ҷанги 18-сола ҳукумати Афғонистон ва Толибон теъдоди дигаре аз зиндониёну асиронро озод кардаанд. Ҷовид Файсал, сухангӯи Шӯрои Амнияти Миллии Афғонистон рӯзи 30-уми май гуфт: “Ҳукумат 710 зиндонии Толибро дар рӯзҳои гузашта аз зиндонҳои Пули Чархӣ ва Парвон ва зиндонҳо дар дигар вилоятҳои кишвар озод кардааст.”

Дар маҷмӯъ баъди имзои аҳдномаи Амрикову Толибон дар моҳи феврал, ки бахше аз он раҳо кардани зиндониёну асирон аст, ҳукумати Афғонистон 2700 зиндонии Толибро раҳо кардааст. Суҳайл Шоҳин, сухангӯи дафтари сиёсии Толибон дар Қатар рӯзи 30-уми май гуфт, ки онҳо 73 маъмури амниятии ҳукуматро дар вилоятҳои Балх, Қундуз, Лугар, Пактиё, Хӯст ва Пактико озод кардаанд. Ба қавли ӯ, то кунун Толибон 420 намояндаи ҳукуматро аз асорати худ раҳо кардаанд.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон