Конгресс тарҳи таҳрими Чин барои ҳимоят аз ҳуқуқи уйғурҳоро қабул кард

Ин муассиса бовар меравад, ки ба унвони қароргоҳи бозтарбияи мусалмонон ва дар амал ба ҳайси боздоштгоҳи уйғурҳои Чин истифода мешавад. Шаҳри Артуш, шимоли Қошғари Чин. Июни соли 2019
Ин муассиса бовар меравад, ки ба унвони қароргоҳи бозтарбияи мусалмонон ва дар амал ба ҳайси боздоштгоҳи уйғурҳои Чин истифода мешавад. Шаҳри Артуш, шимоли Қошғари Чин. Июни соли 2019

 

Маҷлиси намояндагони ИМА рӯзи 27 май бо раъйи оро тарҳи таҳримҳоро қабул кард, ки аз президент Доналд Трамп тақозо мекунад барои саркӯби уйғурҳои мусалмонтабор дар Чин Пекинро таҳрим кунад. Ин иқдоми навбатӣ дар равобити бе ин ҳам бадшудаи миёни Вашингтон ва Пекин мебошад. Тарҳи қонун, ки оғози моҳ дар Сенат ҳам пуштибонӣ дида буд, муҷозоти мақомоти баландпояи чинии дастдошта дар поймолкунии ҳуқуқи уйғурҳои мусалмонро пешбинӣ мекунад. Раиси Маҷлиси намояндагон Ненси Пелосӣ гуфт, “амалҳои ваҳшиёнаи Пекин дар нисбати мардуми уйғур таҳқири виҷдони ҳамагонӣ дар ҷаҳон аст”. Тарҳе, ки бо пуштибонии 413-1 узви маҷлис қабул шуд, акнун ба Кохи Сафед меравад, то президент Доналд Трамп онро қабул ваё рад кунад. Трамп гуфт, ки ин масъаларо хеле ҷиддӣ баррасӣ мекунад. СММ ва дигар ташкилоти ҳомии ҳуқуқи инсон Чинро дар он муттаҳам мекунанд, ки тахминан 1 миллион уйғурҳои туркзабони Чинро дар вилояти Шинҷон бо баҳонаи муборизаи зидди ифротгароӣ ба қароргоҳҳои консентрасионӣ ҷой кардааст. Пекин ин иттиҳомро рад карда мегӯяд, ки ин мардум ба таври ихтиёрӣ ба урдугоҳҳои бозтарбия мераванд. Чин таҳдид кардааст, ки дар сурати ҳама амалҳое ба манфиати уйғурҳо ба ИМА посух хоҳад дод. Чин мегӯяд, масъалаи уйғурҳо умури дохилии он кишвар аст.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон