Беназмиҳои оммавӣ дар Миннеаполис баъди фавти як сиёҳпӯст

Беназмиҳо дар Миннеаполис. 27 май, 2020.
Беназмиҳо дар Миннеаполис. 27 май, 2020.

Дар шаҳри Миннеаполиси аёлати Миннесоти Амрико рӯзи севум аст, ки беназмиҳо идома доранд. Мардум баъди он даст ба беназмӣ заданд, ки сокини сиёҳпӯсти шаҳр Ҷорҷ Флойд пас аз боздошт аз сӯи пулис ба ҳалокат расид.

Флойди 46-сола пас аз боздошт зуд ба беморхона интиқол ёфта, 25 май ҷон бохт. Видеое, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуд, нишон медиҳад Флойд бо дастони баста дар замин хобида, маъмурони сафедпӯсти пулис гардани ӯро зер кардаанд. Вай чанд бор мегӯяд, ки нафаскашияш мушкил шудааст ва ӯро раҳо кунанд. Ин сокини Миннеаполис ҳангоми боздошт мусаллаҳ набуд ва сабаби дастгиршуданашро сохтакории ҳуҷҷат меноманд.

Баъди оғози тафтиши ҳодиса аз сӯи Бюрои федеролии тафтишот чаҳор корманди пулис, ки дар боздошти Флойд даст доштанд, аз мақом барканор шуданд. Шаҳрдори Миннеаполис Ҷейкоб Фрей талаб кард, ки маъмурон ба ҷавобгарӣ кашида шаванд. Муовини пешини президент ва номзади эҳтимолӣ ба мақоми президентии ИМА Ҷо Байден даъват кард, ки пулисҳои барканоршуда барои "амали нафратоварашон" ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.

Бетартибиҳои оммавӣ шоми 26 май оғоз шуда, то ҳол идома доранд. Эътирозгарон дар назди бинои пулис ҷамъ шуда, бархе аз онҳо ба самти бино санг ҳаво доданд. Кормандони пулис дар посух аз гази ашковар истифода карданд. Дар бораи харобкориҳо, ғорат ва оташ задани фурӯшгоҳҳо низ хабар дода мешавад.

Вазири адлияи ИМА рӯзи панҷшанбе гуфт, марги Ҷорҷ Флойд-ро таҳқиқ мекунанд.


назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон