80% табибон дар Русия ба омори расмии марг бар асари коронавирус бовар надоранд

Красногорски Русия
Красногорски Русия

Тахминан 80% табибон дар Русия ба омори расмии марг бар асари коронавирус дар ин кишвар бовар надоранд. Пурсиши RNC Pharma ва "Доктор на работе", ки дар маҷаллаи "Медицинский вестник" нашр шуд, ба ин натиҷа омадааст, ки 61 дарсади духтурон гуфтаанд, ба натиҷаҳои омори расмӣ дар бораи марг шубҳа доранд. 17 дарсад гуфтанд, ки дасткорӣ шудани омори расмиро исбот карда метавонанд. 8 дарсад гуфтанд, ки феълан зарурат барои таҳрифи маълумот нест, вале бо афзоиши бештари ҳодисаҳои олудагӣ дасткории омор ҳам шурӯъ хоҳад шуд. Аз миёни табибон танҳо 9 дарсад гуфтанд, ки ба омори расмӣ пурра бовар доранд. Онҳо гуфтанд, ки маводи марбут ба марги инсонҳоро дасткорӣ карда намешавад. Маҷаллаи тиббӣ барои шарҳи натиҷаҳои пурсиш ба вазорати беҳдошти Русия муроҷиат кард.

Муддатҳои зиёд аст, ки дар заминаи омори расмии талафот бар асари коронавирус шубҳа баён мешавад, вале мақомот инро ҳамеша рад кардаанд.
Вебсайти "Медиазона" ҳисоб кардааст, ки бар асари коронавирус дар Русия на камтар аз 186 корманди тиббӣ ҷон додааст. Дарсади воқеии марги табибон дар таносуб бо кишварҳои аҳолиаш ҳамсон ба маротиб болотар аст.

Моҳи май дар мақолаи нашрияҳои бритониёиву амрикоии The Financial Times ва The New York Times бо такя ба таҳқиқоте гуфта шуд, ки дар Русия омори воқеии талафоти инсонҳо бар асари коронавирус метавонад 70% бештар аз нишондодҳои расмӣ бошад. Дар вазорати хориҷаи Русия ин навиштаҳоро “тахминҳои беасос” ва “дурӯғи навбатии ҳангомасоз бар зидди Русия” номида, талаб карданд, ки нашрияҳо барои ин матлаб узрхоҳӣ кунанд. То рӯзи 27 май дар Русия 370680 ҳодисаи олудагӣ ва 3968 ҳолати марг бар асари коронавирус ба қайд гирифта шудааст. Шумори шифоёфтагон 142208 нафар гуфта мешавад.

 

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон