Навалний гуфт, дар Русия эҳсосоти эътирозӣ боло мегирад

Алексей Навалний
Алексей Навалний

Яке аз фаъолони маъруфи мухолифини Русия Алексей Навалний гуфт, бо паҳншавии бештари коронавирус дар ин кишвар эҳсосоти эътирозии мардум, бахусус табибону соҳибкорони норозӣ аз иқдомҳои ҳукумат боло меравад. Муассиси Бунёди зидди коррупсия Алексей Навалний дар як сӯҳбати видеоӣ бо Радиои Озодӣ аз Маскав рӯзи 20 май гуфт, ки шиддати тамоюлҳои эътирозии мардум “шояд аз гузаштаҳо ҳам бештар шудааст”.
Ӯ гуфт, ки дар миёни шаҳрвандони норозӣ табибон, намояндагони сохторҳои тиҷоратӣ ва ширкатҳои хурд мебошанд ва ин қишрест, ки аз даромад маҳрум шудааст.
Русия, ки ҳоло беш аз 300 ҳазор нафари олудашуда дорад, аз коронавирус шадидан осеб дидааст ва ин ҳолат ба низоми беҳдошти кишвар фишори зиёд эҷод мекунад. Бисёр ширкатҳои хусусӣ аз бефаъолиятиву набуди даромад варшикаста шудаанд ва бекорӣ ба мушкили рақами як табдил мешавад. Навалний мегӯяд, ки дар чунин вазъият ҳам ҳукумат ба сарфи 160 миллиард доллар маблағе, ки барои ҳолати фавқулодда пешбинӣ шудааст, шитоб намекунад.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон