Писари Аҳмадшоҳ Масъуд гуфт, ба коронавирус олуда шудааст

27 феврали соли 2020. Аҳмад Масъуд дар як нишасти матбуотӣ дар Кобул
27 феврали соли 2020. Аҳмад Масъуд дар як нишасти матбуотӣ дар Кобул


Писари Аҳмадшоҳ Масъуд, пешвои муҷоҳидони зидди нирӯҳои Шӯравӣ ва Толибон гуфт, ки ӯву чанд узви хонаводааш ба коронавирус гирифтор шудаанд. Аҳмад Масъуд дар Твиттери худ рӯзи 19 май навишт, бо ин ки “нишонаҳои вирус чандон ҷиддӣ нестанд”, ин ба он маъно нест, ки вирус набояд ҷиддӣ гирифта шавад. Ӯ навишт, ки бар асоси натиҷаҳои озмоиши тестии бадастомада давоми ду ҳафта дар карантин мемонад. Масъуди 31-сола аз ҳамватанонаш даъват кард, ки ба хотири пешгирӣ аз паҳншавии вирус дастури табибонро ҷиддан риоя кунанд.

Масъуд 12 сол дошт, ки падари ӯ “Шери” Панҷшер аз дасти ҷангҷӯёни Ал-Қоида кушта шуд. Масъуди хурдӣ соли гузашта гуфта буд, ки мехоҳад ба ҷабҳаи зиддитолибон ҳамроҳ шавад.

То ҳол бар асари коронавирус дар Афғонистон 193 сокини ин кишвар кушта шуда, шумори олудашудаҳо расман аз 8676 нафар расидааст. Вале омори воқеии гирифторон метавонад аз ин бештар бошад, чунки дар ин кишвари ҷангзада шумори тестҳои анҷомшаванда хеле кам аст. Дар миёни беморон исми вазири беҳдошт Фирӯзиддин Фирӯз ҳам ёд мешавад, ки ба иттилои сухангӯи вазорат, ҳолаташ мӯътадил аст.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон