Халилзод ҳукумати Афғонистон ва Толибонро ба сулҳ омода мекунад

Залмай Халилзод, намояндаи вижаи ИМА барои сулҳ дар Афғонистон
Залмай Халилзод, намояндаи вижаи ИМА барои сулҳ дар Афғонистон

Залмай Халилзод, намояндаи вижаи Амрико барои сулҳ дар Афғонистон ба Кобул рафт, то ба Толибон ва ҳукумати Афғонистон фишор орад, ки гуфтугӯҳои сулҳро оғоз кунанд.

Дар саросари кишвар зӯровариҳо авҷ гирифта, ба созишномаи сулҳе, ки миёни Вашингтон ва ҷангҷӯён дар моҳи феврали соли равон имзо шуда буд, таҳдид мешавад.

Намояндаи президенти Афғонистон Ашраф Ғанӣ рӯзи 20-уми май тасдиқ кард, ки Халилзод ба Афғонистон аз Қатар омадааст ва дар он ҷо бо намояндагони Толибон аз нав гуфтугӯ кардааст.

Сафари фиристодаи Амрико дар ҳоле баргузор мешавад, ки дар ҳамлаҳои рӯзи 19-уми май ба ду масҷиди Афғонистон 13 нафар кушта шуд. Кормандони амниятӣ ба Радиои Озодӣ гуфтанд, дар яке аз ҳамлаҳо ба вилояти Парвон ҳадди аққал 10 нафар кушта ва 16 нафар захмӣ шуданд.

Вазорати корҳои дохилӣ Толибонро ба ҳамла айбдор кард. Толибон инро рад карда ва гуфтанд, ки ба ҳамла нерӯҳои амниятии Афғонистон гунаҳкоранд.

Сардори полиси вилояти Парвон Ҳорун Мубориз Парвон ба Радиои Озодӣ гуфт, ҷангҷӯёни гуруҳи тундрави "Давлати исломӣ" ба анҷом додани ин ҳамла гумонбар дониста мешаванд.

Толиб Мангал, сухангӯи фармондори вилоят ба Радиои Озодӣ гуфт, дар ҳамлаи монанд рӯзи 19-уми май се нафари дигар дар масҷиде дар вилояти ҷанубу шарқи Хост кушта шуд, аммо касе масъулияти ин ҳамларо ба дӯш нагирифт.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон