Туркманистон маҳдудиятҳои гашту гузори шаҳрвандонро сахттар мекунад

Ишқобод, апрели 2020
Ишқобод, апрели 2020

Дар вилояти Лебапи Туркманистон маҳдудиятҳои равуои сокинон сахттар шудааст.

"Аз шаҳри Туркманобод берун шудани сокинонро якбора маҳдуд карданд. Танҳо ба кор ва ё ҷаласа рафтан иҷозат аст. Барои равуо кардан бояд аз пулис рухсатнома гирифт", - хабар дод як сокини Туркманистон.

Аз 15 май ҳукумати Туркманистон минтақаҳои аҳолинишинро ба инзиво гирифта, пешниҳод кард, ки истироҳати тобистона дар минтақаи истироҳатии "Овоза" манъ карда шавад.

Гуфта мешавад, аз 1 июн минтақаи шарқии кишвар - вилояти Лебап ба карантин гирифта хоҳад шуд.

Фаъолшавии мубориза зидди вируси корона дар Туркманистон дар ҳолест, ки интизор меравад, ҳайати Созмони ҷаҳонии тандурустӣ дар ояндаи наздик вориди ин кишвар шавад.

 

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон