Мақомоти Ироқ гуфтанд, раҳбари гуруҳи ДИ боздошт шудааст

Ҷангии ДИ дар шаҳри Раққа. Акс аз соли 2014
Ҷангии ДИ дар шаҳри Раққа. Акс аз соли 2014

Хадамоти иктишофии Ироқ аз боздошти раҳбари гуруҳи даҳшатафкани "Давлати исломӣ" (ДИ) хабар додааст. Ба иттилои хадамот, шахси боздоштшуда баъди куштори Абубакр Бағдодӣ аз сӯи низомиёни амрикоӣ дар моҳи октябри соли гузашта, раҳбари ДИ интихоб шуда буд.

ДИ дар иттилоияҳояш Абуиброҳим ал-Ҳошимӣ ал-Қурайширо раҳбари худ меномид. Ба иттилои "Садои Амрико", дар Вашингтон бар инанд, ки зери ин ном яке аз бунёдгузорон ва идеологҳои гуруҳ Амир Муҳаммад Абдурраҳмон ал-Мауля пинҳон аст. Хадамоти иктишофии Ироқ мегӯяд, номи воқеии боздоштшуда Абдулносир ал-Кирдаш аст.

Дар бораи шарҳи ҳоли ӯ ҷузъиёти бештаре оварда намешавад. Канали русии Directorate 4 дар шабакаи Телеграм бо иснод ба як коршиноси ироқӣ хабар додааст, ки эҳтимол аст, боздоштшуда як узви баландпояи созмони террористии "ал-Қоида бошад, ки солҳои 2001-2019 ДИ-ро дар Сурия раҳбарӣ кардааст.

Маҳалли нигаҳдории нафари боздоштшуда ифшо карда намешавад.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон